ТАҶЛИЛИ ТАНТАНАВИИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила, санаи 14-уми майи соли 2026 бо ташаббуси бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рӯдакӣ дар чойхонаи Лаби боғи Ҷамоати деҳоти Гулистон чорабинии идона доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Моҳира Усмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Насими айём” Умеда Алимова, раиси Ҷамоати деҳоти Гулистон Ашраф Шарипов ва ва роҳбарону намояндагони дигар ташкилоту идораҳо ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ ҳайати иштирокчиён аз намоиши оростаи ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд. Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода бо сухани ифтитоҳӣ ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик намуд. Гуфта шуд, ки гиромӣ доштани оила ҷузъи муҳимми фарҳанги волои мардуми мо ба шумор меравад. Ӯ зикр кард, ки дар таълиму тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, падару модар саҳми аввалиндараҷа доранд. Волидонро мебояд, ки барои ташаккули ҷомеаи солим ба таълиму тарбияи фарзанд ва таъмини фазои созгори оилавӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар идома, намояндаи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия оид ба мавзуъҳои ҳуқуқу уҳдадориҳо, муносибат, вазифа ва рисолати оила дар ҷомеа суханронӣ намуд.
Дар ҷараëни чорабинӣ ба чор ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба волидони даҳ нафар тифлакони навзод шаҳодатномаи таваллуд бо туҳфаҳои хотирмон дода шуд. Дар хотимаи ҷамъомад аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия базми савту суруд ва барномаи рангини консертӣ манзури иштирокдорон гардид.

