Pӯз, 7-уми марти соли 2026 ба муносибати Рӯзи Модар дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, собиқадорон, занону модарони фаъоли ноҳия ва ҷавондухтарон ширкат варзиданд.

       Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода матни табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Салимзода Нусратуллоро ба аҳли нишаст ироа намуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия тамоми модарону бонувони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ таманно кард. Гуфта шуд, ки таҷлили Рӯзи Модар, ки ҳамасола ба санаи 8-уми март рост меояд, басо рамзист, зеро ин ҷашни муқаддас аз бедориву эҳёи табиат, оғози фасли зебоиофари баҳор ва фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай мужда мерасонад.

       Зикр шуд, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати занон «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030» ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2021-2030 бомуваффақона амалӣ гардида истодаанд.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ теъдоди занону духтарони соҳибмаълумот сол ба сол зиёд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кору фаъолият доранд.
Дар рафти чорабинӣ ба як қатор занону модарони фаъол барои саҳми арзандаашон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сипас дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи рангини консертии иборат аз таронаву сурудҳои ҷолибу дилнишин пешкаш гардид.