Ҳамдиёрони азиз, сокинони сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза тамоми сокинони ноҳияи Рӯдакиро бо ҷашни бостонии миллати тоҷик - Иди Сада, ки мужда аз Наврӯз аст, сидқан шодбош намуда, бароятон хонаи обод, файзу баракат, дастархони пур аз нозу неъмат ва ба Тоҷикистони азизу муқаддас фазои сулҳу суботи ҷовидонӣ таманно дорам. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ҷашнҳои бостонии Наврӯз ва Меҳргон ба Иди Сада низ умри дубора бахшид.
Ҷашни Сада дар замони мо, таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати дастурхони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Бо истиқболи ин рӯзи муборак ба корҳои кишоварзӣ вусъат бахшида, шудгор, ниҳолшинонӣ, ба тартиб даровардани боғу токзорҳо, омода намудани техникаҳои кишоварзӣ, тоза кардани наҳру ҷӯйборҳо, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва азназаргузаронии захираҳои тухмӣ фаро мерасад. Кишти тирамоҳии ғалла анҷом ёфта, ба шудгори заминҳо барои кишти баҳорӣ вусъат дода мешавад. Иди Садаи имсолаи ноҳия дар доираи ҷашнгириҳои 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ истиқбол мегардад. Боварӣ дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳия сиёсати хирадмандона ва пайгиронаи Роҳбари давлатро ҷиҳати таъмини ҳадафҳои олии кишвар ва ҳамчунин дастуру супоришҳо, ки дар ҷараёни ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 баён гардиданд, сармашқи кори худ намуда, баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Бори дигар ҳамаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳамдиёрони азизро ба муносибати ҷашни миллии тоҷикон иди Сада самимона шодбош намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо хушбахтиву хушнудӣ, саодати зиндагӣ ва файзу баракатро орзу менамоям. Ҷашни Сада муборак, ҳамдиёрони азиз! Бо эҳтиром и. в. Раиси ноҳияи Рӯдакӣ.
