Иншоот бо маблағи зиёда аз 2 млн. сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Бино аз ду ошёна ва толорҳои барҳавои дорои 400 ҷои нишаст иборат буда, дар қабати дуюми бино ҷой барои тамрини бадан бо тамоми шароити мусоид муҳайё гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо имкон аст чорабиниҳои сатҳи баланди варзишӣ, аз қабили волейболу, баскетбол, гӯштин, тенниси рӯйи миз гузаронида шаванд. Таҷҳизоти маҷмааи солимгардонӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ харида шудааст. Ҳамчунин имрӯз дар назди Муассисаи таҳсилоти умумии №115-и деҳаи Обчакорони деҳоти Чимтеппа майдончаи хурди варзишӣ барои бозии футболи хурд аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Баҳромҷон Иброҳимов мавриди истифода қарор гирифт. Дар расми ифтитоҳи майдончаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, инчунин омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа иштирок намуданд. Зикр шуд, ки дар баробари хонандагони ин муассисаи таълимӣ, инчунин наврасону ҷавонони деҳа баъди дарс ва рӯзҳои истироҳат метавонанд бемалол миёни ҳам сабқат намоянд. Сохтмони майдончаи мазкур дар давоми 3 моҳ бо харҷи 120 ҳазор сомонӣ сохта шуда, масоҳати умумиаш 800 метри квадратиро ташкил медиҳад. Зимни суҳбат бо устодону хонандагони муассисаи таълимӣ таъкид гардид, ки хонандагон бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда хуб таҳсил намуда, дар оянда барои пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Ба иттилои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, то имрӯз дар ноҳия 9 иншоот ба истифода дода шудааст.