Вохӯрии раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо аҳли соҳаи маориф бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 30-юми апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ оид ба таҷлили арзандаи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳия муҳтарам Салимзода Нусратулло Файзулло қайд намуданд, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар якҷоягӣ барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни таърихӣ саҳмгузор бошанд.
Саҳмгузории мо аз хона, кӯча, маҳаллаи зисти мо шурӯъ мегардад. Аз ин рӯ, бояд ин ҷашн ва муҳимияти онро мо пурра эҳсос намуда, намоӣ хонаву дари худро ба ин ҷашн омода намоем. Бояд ҳар як шаҳрванд, истиқоматкунандагони ноҳияи мо ин муҳимиятро ҳис намуда, роҳбарон ва директорони муассисаҳои таълимӣ камбудиҳои ҷойдоштаро сари вақт бартараф карда, бо соҳибкорони маҳаллӣ ва мардум аз наздик корбарӣ намоянд.
Махсусан тоза намудани кӯчаҳо, роҳҳои пиёдагардро дар кӯчаҳои ноҳия ташкил намудан, сари вақт супоридани иншоотҳои ҷашнӣ ки дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба истифода дода шаванд. Алалхусус, биноҳои навтаъсис 3 адад, биноҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ 16 адад, бо 180 синфхонаҳои иловагӣ барои 8640 хонанда, 2 адад хонаи хизматӣ барои 8 омӯзгор, 2 адад толори варзишӣ, 1 адад маркази инкишофи кӯдак бо 4 синфхона, 1 обанбор, 1 кӯдакистон ба иншоотҳои ҷашнии соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2026 ифтитоҳ меёбанд.
Ҳамзамон, дар давоми ҷаласа оид ба сару либоси мактабӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, ташкил намудани гӯшаҳои либосҳои тавсиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дарҷ гардидаанд. Инчунин, ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастур дода шуд, ки тамоми муассисаҳои таълимӣ, сохторҳо, маҳаллаву кӯчаҳои ноҳия, мағоза ва нуқтаҳои савдои дар маркази ноҳия ва дигар маҳалҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тозагии муҳити атрофро таъмин намуда, бо мақсади инъикоси ҷашн бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва рамзҳои давлатӣ оро дода шаванд.

