Имрӯз, 6-уми апрели соли 2026 дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавриди вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва таҳкими худогоҳиву хештаншиносӣ миёни аҳолӣ, аъзои гурӯҳи корӣ бо истифода аз усули «Деҳа ба деҳа», бо аҳолии деҳаҳои Охчагман, Теппаи Самарқандӣ, Нилкон, Роҳатӣ ва Моинкпҷи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ вохӯриву мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар ҷараёни вохӯриву мулоқоти мазкур сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Беҳрӯз Назаров, намояндаи Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Хушбахт Машрабзода, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Латипова Парвона ва намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зардакова Саида бо сокинони деҳаҳои мазкур доир ба масъалаҳои моҳияти дин ва диндорӣ, тоза кардани имону эътиқод аз хурофот ва таассуб, анҷом додани корҳои хайру савоб, амсоли роҳсозӣ, обкашонӣ, инчунин, пешгирӣ аз таълимоти нодуруст ва ғайрирасмии динию мазҳабӣ, пешгирии тамоюл ба пӯшидани либосҳои бегона ва симои зоҳирии тақлидкорона бо баҳонаҳои сатру ҳиҷоб ва суннати исломӣ, дуруст шакл додани ақидаҳои динӣ ва имону эътиқод, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» , ҳамзамон оид ба зарурати машғул шудан ба кори пурмаҳсул, дуруст танзим кардани раванди муҳоҷирати аҳолӣ ба хориҷи кишвар, афзалияти кор дар замин ва зарурати рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол, захираи маводи ғизоӣ барои на кам аз 2 сол, мақсадноку сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пешгирии талафот ва дуздии он, мусоидат дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои хизматрасон, эҳсоси масъулият дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти озӯқаворӣ, такомули фаҳмиши дурусти сиёсӣ, фаъол гардонидани мардум дар самти анҷом додани корҳои амалии созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, баланд бардоштани эҳсоси масъулияти шаҳрвандон дар раванди давлатдорию давлатсозӣ сӯҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
Илова бар ин, ҳайати гурӯҳ мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва мубориза бо таҳоҷуми фарҳангиву идеологӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, риояи талаботи қонунгузории кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди назар сӯҳбат карданд. Дар ҷараёни вохӯриву мулоқоти мазкур аз ҷониби сокинону фаъолон низ ба масъулин оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз таклифу дархостҳои судманд пешниҳод гардид.

