Таҷлили  Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ.

       Бахшида ба ин санаи муқаддас, имрӯз, 26-уми июн дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ориф Хоҷазода чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

      Дар чорабинӣ мудирон ва кормандони шуъбаю бахшҳои мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва касбу кори дигар, вакилони халқӣ,  фаъолон ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд.

      Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт. Раиси ноҳия дар суханронии хеш қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ самараи талошҳо, ҷонбозиҳо, қаҳрамониву фидокорӣ, мардонагию ҷасорат ва иродаву матонати абармарди замон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, бо ба даст овардани он орзуву ормонҳои деринаи халқ ҷомаи амал пӯшид ва бо имзои "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ" ҷанги хонамонсӯзи шаҳрвандӣ дар кишвар хотима ёфт. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ дастоварди муқаддас аст ва мову шумо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки падидае ё нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад.

      Дар идомаи чорабинӣ суханронии раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ориф Хоҷазода шунида шуд. Ӯ ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда,  таъкид кард,  ки барои миллати мо ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъӣ ва амнияту осоиштагӣ неъмати муқаддас ва арзиши бузурге мебошанд, ки ибтидои тамоми комёбиҳо ва саодати рӯзгорамон аз онҳо вобастагӣ дорад. Мо бояд ин дастоварди беназири таърихиро бо нархи ҷон ҳам бошад, ҳифзу ҳимоя намоем.

      Пас аз ҷамъбасти суханрониҳо як қатор деҳқонони фаъол ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ барои фаъолиятҳои пурсамар, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани ҳосили фаровон, аз ҷониби раиси ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуданд.

      Сипас, аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия намоиши махсуси театрикунонидашуда пешкаш шуд. Дар намоиш ҳунармандон бо маҳорати воло саҳнаҳоро аз рӯзҳои хунину даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ, гуреза шудани мардум, рафти музокироту мусолиҳа ва раванди расидан ба Ваҳдату сарҷамъӣ иҷро намуданд, ки аз ҷониби ҳозирин баҳои баланд гирифт.

     Бо савту суруд ва таронаҳои тараннумгари сулҳу субот ва ваҳдату сулҳ чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ хотима пазируфт.