Рӯз, 25-уми марти соли 2026 сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар фазои тантанавӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Чун анъанаи нек субҳи барвақт дар боғи фарҳангӣ-фароғатии маркази ноҳия оташи наврӯзӣ афрӯхта шуда, соли нави аҷдодӣ бо рамзи нуру гармӣ истиқбол гирифта шуд ва тантанаҳои ҷашнӣ оғоз гардид. Чорабинии тантанавии бошукӯҳ дар назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор шуд. Дар ин макон, ки қабои наврӯзӣ ба бар карда буд, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои ноҳия бо ташкили намоишгоҳи густурдаи ҳунарҳои мардумӣ, таому хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонӣ, хони наврӯзии «ҳафтсин»-у «ҳафтшин», инчунин, дастовардҳои соҳаҳои мухталиф ва бозиҳои миллии варзишӣ майдони наврӯзгоҳро идона оростанд. Дар чорабинии ҷашнӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ориф Хоҷазода, муовини аввал, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аҳли маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва собиқадорону фаъолони ноҳия ширкат варзиданд. Ҳайати роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон, сараввал, аз намоишгоҳи наврӯзии оросташуда дидан намуданд. Дар идомаи чорабинӣ паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Салимзода Нусратулло ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шунида шуд. Дар оғози сухан Салимзода Нусратулло ҳозирин ва тамоми мардуми ноҳияи Рӯдакиро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрику шодбош гуфта, аз аҳаммият ва азамати ин ҷашн ёдоварӣ кард. Қайд гардид, ки ҷашни Наврӯз дорои фазилатҳои неку созанда ва муттаҳидкунандаи башарият буда, ҳазорсолаҳо инҷониб дар муҳити фарҳангии халқҳои олам ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст. Маҳз унсурҳои инсондӯстонаи ҷашни Наврӯзро ба эътибор гирифта, Созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуд. Ҷашни Наврӯз миллати моро ба таври шоиста ҳамчун миллати бостониву дорои фарҳангу тамаддуни қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Сипас, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ Ориф Хоҷазода суханронӣ карда, тамоми ҳозирин ва мардуми шарифи ноҳияи Рӯдакиро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай табрик намуд ва ба онҳо рӯзгори орому осуда ва ба кишвари азизамон - Тоҷикистон осмони софу беғубор ва фазои сулҳу суботи абадӣ орзу кард. Пас аз суханрониҳои иштирокчиён қисмати фарҳангии чорабинӣ оғоз шуд. Дар ин қисмат ҳунармандон ва сарояндагони маъруф суруду таронаҳои ҷолибу ҷаззобро пешкаши иштирокчиён намуданд. Бо пешниҳоди барномаи рангини театркунонидашуда ва рақсу оҳангҳои мардумӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия хотири ҳозиринро шод намуданд.