Ҳамдиёрони гиромӣ, мардуми шарафманду меҳнатқарини ноҳияи Рӯдакӣ!

Ба Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо иди баҳору зебоӣ, файзу нусрат ва қадимию аҷдодӣ - Наврӯзи ҷаҳонӣ бо пайки созандагию сабзкорӣ қадам гузошт. Фарорасии ҷашни эҳёи табиат ва оғози нақшаву пешомадҳои навро ба тамоми сокинони саодатманди ноҳияи Рӯдакӣ самимона табрик гуфта, орзу менамоям, ки Наврӯзи аҷам ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва хушбахтию сарсабзӣ биёрад.
Наврӯзи фархундапай, ки аз фарорасии соли нав ва навбаҳори зебову хуҷаста мужда медиҳад, дар кишвари азизамон фаро расида, бо қадами муборакаш ба табиати зебои диёрамон навиди тоза, ҳусни нав, шодиву нишот ва ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб овардааст.
     Соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую омол, расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад.
    Ин пайки шодмонӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон ва гулу гиёҳ буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.
    Миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
    Миллати сарбаланди тоҷик расму оинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин оростани дастархони идона, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои фалаку шашмақом, ҷуфтронии деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ дошта, бо вуҷуди тӯли ҳазорсолаҳои сипаригашта аз миён рафтани миқдори зиёди давлатҳою тамаддунҳо тавонистанд, ки забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯзро аз қаъри асрҳо то ин замон расонанд.
        Чунон, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили иди Наврӯз дар Тоҷикистон гуфтаанд:
"Ватани аслии Наврӯз-сарзамини тоҷикон буда, номи ширину гуворояш низ лафзи тоҷикист. Бо ҳамин ном, яъне Наврӯз ба тамаддуни миллатҳои дигар ворид шуда, ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст".
    Воқеан ҳам, боиси ифтихор аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бо ибтикори Сарвари давлатамон ба иди Наврӯз мақоми давлатӣ дода шуда, он мақоми байналмилалӣ гирифт.
    Мо мардуми кишвари зебоманзар бо шукрона аз ин истиқлолу ифтихор аз ин сарзамин, суханҳои Пешвои миллатамонро пеши назар меорем, ки таъкид кардаанд:"Дар арафаи Иди Наврӯз бояд бо дарки рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандӣ, бо ҳисси ифтихор аз истиқлолияту давлатдории миллӣ, барои ободиву шукуфоии кишвар нерӯву ғайрати худро дареғ надошта, бунёдкориҳоро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил диҳем. Имрӯз фурсате расидааст, ки барои рушди устувори иқтисодиёт, ободии мамлакат, амнияти пойдор ва зиндагии шоиста ҳамарӯза софдилона ва фидокорона меҳнат намоем".
    Мардуми ноҳияи Рӯдакӣ Наврӯзро маҳсули нотакрори хираду заковати аҷдодон арзёбӣ намуда, дар марҳилаи имрӯзаи давлатдорӣ онро ҳамчун ҷашни миллӣ, ибтидои бунёдкориҳо, нияту нақшаҳои нек, давраи талоши меҳнату авҷи эҷодкорӣ эътироф менамоянд ва бо шукуҳи хоса онро ҷашн мегиранд.
   Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораки Наврӯз ҳар як шахс манзили зист, сару либос ва ашёи рӯзгорашро тозаю ороста менамояд.
    Муҳимтар аз ҳамаи ин, мардумон кинаҳоро аз дил дур карда, бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷуронро аёдат ва пирони барнодилро зиёрат намуда ба ятимону бепарасторон кумак мерасонанд.

Мо низ ҳамчун наслҳои сазовори ниёгонамон бояд анъанаҳои неки аҷдодонро давом диҳем. То ки ояндагон аз мо ибрат гиранду меросҳои фарҳангӣ насл ба насл идома дода шаванд.
    Ба ифтихори Наврӯзи оламафрӯз бори дигар шуморо табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ, бахту саодат, хонаи ободу дастархони пурфайз ва сари баланду барори кор орзу менамоям.