4-уми апрели соли 2026 бо мусоид омадани боду ҳаво ва муътадил гардидани ҳарорати хок кишоварзони Ҷамоати деҳоти Гулистон дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоат дар масоҳати 8,0 га ба кишти пумбадона оғоз намуданд. Дар маъракаи кишти пунбадона раиси ҷамоати деҳот, мутахассисони кишоварзӣ, ҳамзамон, пирони рӯзгордида ва собиқадорони соҳаи кишоварзӣ иштирок намуда, ба кишоварзон дуои хайр дода, онҳоро ба меҳнати софдилона ва самаранок ҳидоят намуданд. Зикр гардид, ки рушди соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти маҳаллӣ ба шумор рафта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ нақши муҳим дорад. Раиси ҷамоат Шарипов Ашраф зимни суҳбат бо деҳқонон таъкид намуд, ки истифодаи самараноки замин, риояи агротехника ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ метавонад ҳосилнокиро афзоиш диҳад. Дар фарҷом бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон, ба кишти пахта оғози расмӣ бахшида шуд.

