Дар фазои идонаи баҳорӣ ва руҳияи болида, дар деҳаи Охтоқи ҷамоати деҳоти Қиблаӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши идона муовини аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ Шарифзода Аҳлиддин, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Маҳмудзода Орзубек, раиси Ҷамоати деҳоти Қиблаӣ Қандилҷон Каримов ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, аз хони идонаи Наврӯзӣ боздид ба амал оварданд. Меҳмонон зимни шиносоӣ бо намоиши анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла хони пурнозу неъмати Наврӯзӣ, таомҳои лазизи миллӣ, маҳсули дасти ҳунармандон ва гӯшаҳои фарҳангӣ дидан карда, ба ҳунару маҳорати сокинон баҳои баланд доданд. Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ бозиҳои миллии варзишӣ, аз қабили гӯштини миллӣ, бандкашӣ ва дигар мусобиқаҳои ҷолиб баргузор гардида, фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд. Нахуст муовини аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ Шарифзода Аҳлиддин сокинони ҷамоати деҳоти Қиблаиро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳният гуфта, зикр намуд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ваҳдату ҳамдилӣ мардумро ба дӯстиву меҳрубонӣ, ободкориву созандагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд. Барномаи фарҳангии рангину ҷаззоб бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ пешкаши ҳозирин гардида, бо суруду рақсҳои дилнишин ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид. Чорабинии Наврӯзӣ дар ҷамоатҳои дигари ноҳия низ бо шукуҳу шаҳомати хоса ва бо шукргузорӣ аз ваҳдату ҳамдилӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгон идома дорад.