МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР
"Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад".
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси ифтихору сарфарозии мо, бонувони тоҷик аст, ки ҳамасола дар Паёмҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз поктинатию меҳрубонӣ ва далерию ҷасурии занони тоҷик ёдовар мешаванд. Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарраи худ қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори кишвар - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, далели пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.
Паём на танҳо таҳлили иҷрои вазифаю нақшаҳои соли сипаришуда, балки нақшаест, ки вазифаҳои муҳимро барои солҳои оянда мушаххасу муайян менамояд.

