Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ
Ҳамдиёрони азиз!
33-юмин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо руҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ таҷлил карда мешавад, муборакбод мегӯям.
Артиши миллии ҳар давлат нишони иқтидори ҳамон давлат аст. Мақсад аз таъсиси артиш дар ҳама давру замон ҳимояи давлат ва марзу буми Ватан мебошад.

