Рӯз 9-уми апрели соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории ҷомеа бо сохторҳои давлатӣ ва дар доираи иҷрои нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор дар деҳаҳои Меҳтарӣ, Шайхон, Хокалӣ ва Ганҷободи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо усули "Деҳа ба деҳа" ва "Маҳалла ба маҳалла" баргузор гардид.

     Ин вохӯрӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ миёни аҳолӣ мебошад.

     Дар мулоқот муовини раиси ноҳия Давлатзода Неъматулло, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Одил Муминов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳия Абдураҳмонов Сунатулло, сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Беҳрӯз Назаров ва намояндаи Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бо сокинони деҳаи мазкур ширкат варзиданд. Масъулин дар суҳбат бо сокинон ба масъалаҳои муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ рӯ оварда, аҳамияти риояи арзишҳои миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ, ба бар намудани сару либоси миллӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, ҷамъоварии босамари ҳосил, захираи дурусту саривақтии маводи ғизоӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин пешгирии бармаҳал оиладоршавӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон таъкид намуданд. Иброз гардид, ки ҳар як хонавода бояд бо эҳсоси баланди масъулият дар тарбияи фарзандон саҳмгузор бошад ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба воя расонад.

     Дар қисмати саволу ҷавоб, сокинон андешаҳои худро баён намуда, пешниҳодҳои судманд ироа карданд. Масъулин ба суолҳои марбут ба соҳаҳои гуногун посухҳои мушаххас доданд. Вохӯрӣ дар фазои озоду самимӣ ҷамъбаст гардида, зикр шуд, ки чунин мулоқотҳо минбаъд низ идома меёбанд ва ба таҳкими робитаи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи огоҳии сиёсӣ ва рушди ҳамбастагии миллӣ мусоидат хоҳанд кард.