Рӯз, 1- уми апрели соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ маросими тантанавии гусели ҷавонони синни даъватӣ зери унвони «Рузи даъватшаванда» дар ҳудуди қисми низомии 15018-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими сафарбаркунии ҷавонони ноҳия муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ, муовинони раиси ноҳия, комиссари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони меҳнат, волидайни даъватшавандагон ва дигар ҷавонону наврасони то синни даъватӣ бо шиору овезаҳои тараннумкунандаи ормонҳои аҷдодӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои волои инсонӣ иштирок карданд.
Ҷавонони ватандӯсту шуҷоатманд, ки бо амри дилу виҷдон ихтиёран хизмати Модар-Ватанро интихоб намудаанд, дар фазои идона ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуданд. Маросим бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ Шарифзода Аҳлиддин матни табрикотии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ муҳтарам Салимзода Нусратуллоро ба самъи ҳозирин расонид. Зикр намуд, ки ин маърака дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026 таҳти №1146 роҳандозӣ гардида, оғози муташаккилонаи даъвати баҳориро нишон медиҳад.
Ӯ таъкид кард, ки ҷавонони ноҳия бо ҳисси баланди ватандорӣ барои адои қарзи шаҳрвандии худ равона мешаванд ва ин боиси ифтихори ҷомеа мебошад. Муовини аввали раиси ноҳия ба ҷавонон роҳи сафеду барори кор таманно намуда, ҳамзамон ба падару модарон барои тарбияи фарзандони далеру ватандӯст изҳори сипос кард. Қайд гардид, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз лиҳози таъминоти моддӣ-техникӣ ва сатҳи омодагии ҳарбӣ хеле пешрафта буда, ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ низ дар таъмини сулҳу субот саҳми арзанда мегузоранд. Инчунин тибқи анъана маросими нонгазонӣ баргузор гардида, барномаи фарҳангии ҷолиб пешкаши ҳозирин шуд, ки ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид. Дар охир муовини аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар шахсони расмӣ аз қисми низомии 15018 боздид ба амал оварданд. Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо шароити будубоши сарбозон, реҷаи рӯзмарра, муҳити хизмат ва имкониятҳои фароҳамовардаи қисми ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд ва аз тартибу интизом, сатҳи таъминот ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар байни хизматчиёни ҳарбӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

