ДАВРИ НОҲИЯВИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД” ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Имрӯз, 5-уми майи соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони “Беҳтарин усто ва шогирд” баргузор гардид. Аз рафти баргузории фестивал-озмун раиси ноҳия Нусратулло Салимзода дидан намуда, дар ҳамроҳӣ бо ҳайати комиссия аз растаҳои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла, маҳсулоти қаннодӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, коркарди чӯб ва маснуоти филизӣ дидан карда, ба маҳорати ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Қайд гардид, ки фестивал-озмуни мазкур бо мақсади эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими мактаби “усто-шогирд”, дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгирии ҳунармандони соҳибистеъдод баргузор карда мешавад. Озмун аз рӯйи чанд номинатсия, аз ҷумла, қаннодӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, коркарди чӯб ва коркарди металл доир гардида, ғолибон барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои ҳифз ва рушди ҳунарҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар фарҷом, ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмун бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

