28 январи соли 2021 дар маркази маъмурии ноҳияи Рӯдакӣ - шаҳраки Сомониён бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иди Сада таҷлил гардид.

     Иди Сада бо "Карнайбазм"-и бахши фарҳанги ноҳия ифтитоҳ гардида, аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ дар масофаи зиёда аз 40 метр намоиши ниҳолҳо, гулҳо ва тухмҳои зироатҳо, аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълмӣ дар масофаи беш аз 100 метр намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунармандӣ, аз ҷониби аҳли фарҳанг ва бахши ҷавонон ва варзиш намоиши тетрикунонидашуда ва консерт бо гулханафрӯзии идона, намоиш дода шуд.