- Диданд: 713
25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Сокинони шарафманду сарфарози ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ноҳияи Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бо бунёди даҳҳо иншооти маъмурӣ ва иҷтимоию хизматрасонӣ ободу зебо гардида, дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои созанда ва рушди бахшҳои муҳими ҷомеа сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия рӯз то рӯз беҳтар мегардад.
- Диданд: 753
Ба бахти миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик истиқлолият ҳамчун имконияти нодири таърихӣ ва муқаддасоти умумимиллӣ барои пешрафтҳои азим ва уфуқҳои тозаи инкишофу тараққиёт роҳ кушода, сохтори мустаҳками давлатдории навин ва низоми мукаммали қонунгузории миллиро пойдор намуд. Ҷиҳати ноил шудан ба ин дастовардҳои пурарзиши даврони истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои бузурги таърихиро анҷом дода истодаанд, ки шоистаи таҳсин ва намунаи олии ватандорӣ ба шумор меравад.
Истиқлолият ҳамчун дастоварди муқаддастарин оғози тайғироту дигаргуниҳои сарнавиштсози ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар таърихи муосири мамлакатамон тавонист муҳити соҳибихтиёрӣ ва мустақилиятро ташаккул дода, барои тадбиқи ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ ва шукуфоии ватанамон шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварад. Аз баракати соҳибистиқлолӣ ва сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки дар давоми 28 - соли истиқлол мардуми шарафманди Тоҷикистон ба муваффақияту дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, бо ин васила дар арсаи байналхалқӣ шинохти мусбати миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддун, ободгару бунёдкор ва сулҳхоҳу ташаббускор муяссар шуд.
Ҳақиқати равшани таърихӣ аст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба айёми бенизомӣ, ноамнӣ ва даҳшати ҷанги дохиливу маҳрумиятҳои зиёд рост омад. Маҳз, иродаи азалии таҳаммулгароӣ ва сулҳпарварии тоҷикистониён буд, ки дар атрофи сарвари раҳнамову ҳидоятгари хеш муттаҳид шуда, бо ризоияту ҳамдилӣ ва сарҷамъию иттиҳоди сартосарӣ хилофи талошҳои бадхоҳон фазои босуботу ором ва осударо муҳайё сохтанд.
Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш қайд намуда буданд: "Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард."
Маҳз аз файзи Истиқлолияти давлатӣ аст, ки тамоми гӯшаҳои Ватани маҳбубамон ба майдони бузурги созандагию ободкорӣ, бинокорию хуррамгардонӣ табдил ёфта, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии кишвар дар ин иқдому ташаббусҳои бунёдкорона бо ҳисси баланди ватанпарастӣ ва садоқат ба ин сарзамину муқаддасоти ватандорӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки мардуми мо ба мафҳум ва моҳияти истиқлолият амиқ сарфаҳм рафта, дарк намуданд, ки бақову пойдории истиқлолият, ҳифзи дастовардҳои даврони мустақилият ба кору амали ободгароёнаи мо - соҳибватанон вобастагии зич дорад.
Мардуми қадршиноси Тоҷикистони азиз бо ҳисси сазовори шукргузорӣ аз Истиқлолият ҳамчун неъмати бебаҳо, гаронқиммат, падидаи муқаддасу ифтихорофарин ва арзиши нодир ҳамеша пайи талошу кӯшиши доимӣ мебошанд, то ки рукнҳо ва пояҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодии истиқлолияти давлатии кишвари озодамон боз ҳам тақвияти бештар ёбад, чун гавҳараки чашм онро эҳтиёт намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд.
Зеро равандҳои тезутунд ва босуръат тағирёбандаи ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиамонро аз даст надода, бо фарҳанги баланди сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси ватанхоҳӣ ҳамеша фикру амали ободсозиву созандагӣ дошта бошем.
Аз ҷумлаи музаффариятҳову муваффақиятҳои муҳими айёми истиқлолият дар арсаи байналмилалӣ боло рафтан ва ҷойгоҳи муносибро соҳиб шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки шаҳодати эътибор ва мақоми намоёнро ба даст овардани кишвари озоду соҳибихтиёри мо мебошад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфтан ва пазируфта шудани ташаббусҳои глобалии Пешвои муаззами миллат, ки ба ҳалли мушкилоти сатҳи сайёра равона гардидаанд, боз як нишонаи собити мавқеи мустаҳкам касб намудани сиёсати хориҷии ҷумҳуриамон ва пуштибонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз пешниҳодоти судманди Точикистон мебошад.
Далели дигари шинохти арзандаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эхтиром гузоштан ба соҳибихтиёрии он баргузории чорабиниҳои пуршукуҳи аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта дар пойтахти Ватанамон - шаҳри Душанбе мебошад. Қобили зикр аст, ки тавассути тадбирандешиҳои ободкорона ва тасмимгириҳои бунёдгаронаи роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти кишвари азизамон дар чанд соли охир куллан симои хешро тағир дода, чандин нишастҳову вохӯриҳои муҳими сатҳи ҷаҳониро ба дараҷаи шоиста ва хотирмон мизбонӣ намуд, ки ин ҳам дастоварди шоёни замони истиқлолият ва ифтихори ҳамватанон мебошад.
Яке аз тамоюлҳои барҷастаи замони истиқлолият ин торафт асосҳои мустаҳкам пайдо намудани ҳисси ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллат, баланд гардидани рӯҳияи хештаншиносии миллӣ, меҳанпарастӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ ва суннатҳои неки аз ниёгон боқӣ монда, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламшумули миллати тоҷик ва расидан ба қадри арзишҳои маънавии давлатдориамон ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллатамон ҳамеша мардуми кишварро ба гиромӣ доштани ғояи истиқлолпарварӣ, пос доштани муқаддасоти он даъват намуда, мақом ва ҷойгоҳи истиқлолиятро ҳамчун "неъмати бебаҳои таърихӣ", "шарти ҳастиву бақои миллат", "кафили фардои дурахшон", "муқаддастарину азизтарин неъмат", "рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ", "нишонаи бақову пойдории давлат" ва "рӯйдоди бузурги таърихӣ" маънидод менамоянд.
Бинобар ин, вазифаи пуршарафу боифтихор, масъулияти шаҳрвандӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи соҳибватании мост, ки ки поя, асос, бунёд ва рукнҳои истиқлолияти давлатиамонро боз ҳам пойдору мустаҳкамтар намоем ва ҷашни муқаддаси миллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатамонро бо дастовардҳои арзанда ба таври шоиста истиқбол гирем.
Муҳаммадвалӣ
ШАҲИДУЛЛОЗОДА,
прокурори ноҳияи Рӯдакӣ
- Диданд: 837
26.07.2019. Дар арафаи ҷашни 28 –умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ба ҳусни ноҳия шукӯҳи хосса зам хоҳанд намуд. Дар ин бора имрӯз раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.
Бино ба маълумоти номбурда, майдонҳои Парчаму Нишон дар рӯ ба рӯи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд ёфта, айни ҳол сохтмони онҳо бомаром ҷараён доранд. Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 28 садяк бо баландии 45 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр мавриди истифода қарор мегиранд. Дар атрофи онҳо инчунин гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо бунёд мешаванд.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ зикр кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 414 иншоот бунёд мегарданд. Аз ин шумора 76 банд ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди мактаб, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ, марказҳои касбу ҳунаромўзӣ, марказҳои забономўзӣ, 72 банд ба бунёди сартарошхонаҳо, 45 банд ба бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, ташхисгоҳи замонавӣ, коргоҳҳои дорубарорӣ ва дорухонаҳо, 3 банд ба бунёди китобхонаҳо, 35 банд ба бунёди иншооти варзишӣ, 9 банд ба бунёди растаҳои ҳунармандӣ, 9 банд ба бунёди кошонаҳои ҳусн, 5 банд ба сохтмони ҳаммомҳо, 4 банд ба бунёди марказҳои дилхушкунанда, 8 банд ба гулгашт ва гулзоркунии минтақаҳои алоҳида, 10 банд ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, 15 банд ба сохтмони пул ва роҳсозӣ, 68 банд ба бунёди марказҳои савдо, мағозаю дӯконҳо ва ташкили марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин беш аз 17 банд ба бунёд ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ нигаронида шудааст.
Соли 2018 54 иншоот, аз ҷумла 7 иншоот дар соҳаи маориф, 3 иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрсонӣ, 3 адад майдонча ва толорҳои варзишӣ, 4 иншооти коммуналӣ, 6 коргоҳҳои истеҳсолӣ ва 4 адад дигар намуди иншоот ба истифода дода шуданд.
То охири соли 2019 аз 414 иншоот 183-тои он бояд мавриди истифода қарор гиранд. Давоми 6 моҳи соли равон 56 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд.
Саҳифаи 56 аз 69