Бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дар доираи моҳвораи ҷавонон санаи 11 дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ, директори Коллеҷи техникӣ-омӯзгории ноҳия Гулхумор Ҳусейнзода, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияи раиси ноҳия ва дигар ҷавонон иштирок намуданд.
        Дар оғоз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода суханронӣ карда, ҷавонони сарбаланди ноҳияро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон- 23 май табрик намуд. Мавсуф нақши ҷавононро дар рушди босуботи кишвар ва оянда аввалиндараҷа арзёбӣ намуда, онҳоро ба илму ҳунаромӯзӣ, ҳифзи марзу буму сарзамини аҷдодӣ ва саҳм гузоштан дар ободию сарсабзии кишвари азизамон Тоҷикистон талқин кард.
       Сипас муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода баромад карда, қайд намуд, ки воқеан ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ҳастанд ва ояндаи миллат маҳз аз ҷавонони бонангу номуси ин миллат вобаста мебошад.Дар тақвияти гуфтаҳои муовини раиси ноҳия ҷавонон, барандагони стипендия низ баромад намуда, шукронаи ободию гулгулшукуфии Ватани азизамон карданд.
      Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамар ва ҳамкории судманд дар рушди соҳаи ҷавонон роҳбарони фаъоли шуъбањо ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо бо Сипоснома қадрдонӣ гардида, стипендияи гирандагони стипендияи раиси ноҳия дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
       Баъдан барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, дар анҷоми чорабинӣ ҷавонон бо раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода акси хотиравӣ гирифтанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

          Дар асоси Паёми Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкасб гардидани ҷавонони бекор бо шуғл ва касбомузӣ фаро гирифтани онҳо бо ташаббус ва маблағгузории Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо филиали Маркази калонсолон дар ноҳия дар қисми низомии №15018 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар сарбозон ба курси "Кафшергарии барқӣ" ҷалб карда шуданд.           

         Дар кушодашавии курсӣ мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва директори маркази калонсолон иштирок намуда ҳозиринро барои омӯхтани тамоми нозукиҳои кафшергарӣ даъват намуданд. Дар фарҷоми сухан  аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки  пас аз хатми курси мазкур ба онҳо шаҳодатнома супорида мешавад. 

    

       

      

 
        Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ санаи 19.03.2022 бо иштироки Мудири Бахш - Абдулло Сатторӣ,  волонтёрон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо масъулин ва иштирокчиёни аксия, ҳамчун рамзи Наврӯзӣ ба як қатор роҳбарон сабзаи суманак тақдим гардид.
 
 
НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ШУД,
 
НАВРӮЗИ МУБОРАК БОД.