Рӯзи 29-уми июл дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода, инчунин роҳбари дастгоҳ ва муовинони раиси ноҳия, роҳбарони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рӯдакӣ дар нимсолаи аввали соли 2021, баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, расонаҳои мустақил ва соҳавӣ, аз ҷумла Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар", радиоҳои "Тоҷикистон", "Фарҳанг" нашрияҳои "Халқ овозӣ", "Ҷаҳони Паём", "Ҷумҳурият", "Пайк", "Фараж" ва ғайра иштирок намуданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода баромад намуда, муҳимтарин рӯйдодҳо ва дастовардҳои ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷориро ба хабарнигорон мухтасар шарҳ дод. Гуфта шуд, ки бо вуҷуди таъсири омилҳои гуногун дар нимсолаи аввали соли 2021 сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмўи умумии истеҳсоли маҳсулоти ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ маблағи 513 млн 526 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин натиҷа нисбати ҳамин давраи соли гузашта 33,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра иҷроиши нақшаи буҷети ноҳия аз рӯйи кантингент, мувофиқи нақша 62 млн 890 ҳазор сомониро ташкил медод, ки он дар ҳаҷми 75 млн 229 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 20,0 фоиз аз нақшаи пешбинишуда зиёд иҷро гардид.
Дар идомаи нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма дар хусуси масъалаҳои гуногун ба раиси ноҳия суолҳои худро пешниҳод намуданд. Суолҳои пешниҳоднамудаи хабарнигорон масъалаҳои риояи қоидаҳои беҳдошт, сатҳи сироятии КОВИД-19 дар ноҳия, вазъи роҳҳо, обёрии заминҳои кишоварзӣ, иҷроиши нақшаи андоз, ҳолати санитарию гигиении ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯзро дар бар гирифта, ба онҳо аз ҷониби раиси ноҳия ва роҳбарони сохторҳои дахлдор посухҳои мушаххас дода шуд. Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода ба масъулин супориш дод, ки ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби хабарнигорон зикршуда дар мадди аввал гузошта шавад.
Нишасти матбуотӣ ҳудуди як соат идома ёфта, дар анҷоми он раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба ҳамкориҳои судманд бо мақомоти дахлдори ноҳия даъват намуд.