Дар асоси Паёми Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкасб гардидани ҷавонони бекор бо шуғл ва касбомузӣ фаро гирифтани онҳо бо ташаббус ва маблағгузории Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамкорӣ бо филиали Маркази калонсолон дар ноҳия дар қисми низомии №15018 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар сарбозон ба курси "Кафшергарии барқӣ" ҷалб карда шуданд.           

         Дар кушодашавии курсӣ мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва директори маркази калонсолон иштирок намуда ҳозиринро барои омӯхтани тамоми нозукиҳои кафшергарӣ даъват намуданд. Дар фарҷоми сухан  аз ҷониби масъулин қайд карда шуд, ки  пас аз хатми курси мазкур ба онҳо шаҳодатнома супорида мешавад. 

    

       

      

 
        Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ санаи 19.03.2022 бо иштироки Мудири Бахш - Абдулло Сатторӣ,  волонтёрон, гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси ноҳияи Рӯдакӣ бо масъулин ва иштирокчиёни аксия, ҳамчун рамзи Наврӯзӣ ба як қатор роҳбарон сабзаи суманак тақдим гардид.
 
 
НАВРӮЗ ҶАҲОНӢ ШУД,
 
НАВРӮЗИ МУБОРАК БОД.
 
    
 
 
    
 
 
    
 
 
   
 
 
 

         Бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ санаи 19 март дар маркази ноҳия марафонӣ велосипедронӣ баргузор гардида, ғолибон бо Ҷом, диплом ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд.