Субҳи имрӯз, 22-уми майи соли 2024 дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба оғози моҳвораи ҷавонон ва истиқболи сазовори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зери унвони "Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат!" роҳпаймоии идона ва чорабинии тантанавӣ доир гардид.

 

     Дар роҳпаймоӣ зиёда аз 8 500 нафар ҷавонон, хизматчиёни давлатӣ, гирандагони стипедияи Президентӣ ва стипендияи раиси ноҳия, варзишгарон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, намояндагони ҷамоату шаҳракҳо, муассисаву ташкилот ва идораву сохторҳои давлатӣ ва дигарон фаъолона ширкат намуданд.

      Роҳпаймоӣ аз кӯчаи ба номи С. Шерозӣ оғоз шуда, то майдони назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ идома кард. Ҷавонони ноҳия бо шиорҳои "Пешвои мо - ифтихори мо", "Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат", "Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон" бо руҳияи болида ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва илҳом аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоӣ намуданд.

      Пас аз ҷамъ омадани ширкатдорони роҳпаймоӣ дар майдони назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо иштироки раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва наврасону ҷавонони ноҳия чорабинии идона баргузор шуд.

      Дар чорабинӣ раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, ҳозирин ва тамоми сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният хонд. Қайд гардид, ки насли ҷавони диёр ҳамчун насли созанда дар татбиқи ҳадафҳои олии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона талошу кушиш намуда истодаанд. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номуси ноҳия дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош карда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои кишвару ноҳияаамон заруриро аз бар доранд.

                    

 

      Гуфта шуд, ки қисме аз ҷавонон бо азму иродаи матин дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва сохтмонҳои бузурги кишвар заҳмат мекашанд, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини амнияту оромии давлат ва ҷомеа қарор доранд ва иддае Парчами Тоҷикистони азизро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд мебардоранд.

       - Бо боварӣ гуфта метавонам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аҳли зиё ва ҷавонони бонангу номуси ноҳия ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат намуда, бо ин амали неку созандаи хеш қарзи виҷдониву инсонии худро адо менамоянд, - иброз дошт раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода.

      Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  як қатор кормандони ташкилоту муассисаҳо бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.