Санаи 21-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол як қатор чорабиниҳо баргузор гардиданд.
Нахуст, дар маркази ноҳия бо иштироки ҳайати дастаҳои "Рангон", "Ситора", "Куктош" ва дастаи наврасон ҷамъомад доир шуд. Дар ҷаласа раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ ноиби Президенти ФФТ, сохторҳои мақомот, ҷавонон, варзишагарон ва соҳибкорони ноҳия иштирок намуданд.
Раиси ноҳия дар суханронии худ қайд намуд, ки мо ҳамасола шоҳиди навгониҳо ва иқдомҳои сатҳи ҷаҳонии кишвари азизамон гардида истодаем. Бахусус, бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида, нуфузу мартаба ва обрӯву эътибори кишвари азизамон рӯз аз рӯз дар сатҳи байналмилалӣ боло меравад ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо бештар мегардад.
Бешак, имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аз он ифтихор менамояд, ки шаш ташаббуси сатҳи байналмилалии кишварамон, мавриди пазириши ҷаҳониён қарор гирифта, ҳамаи онҳо моҳиятан таблиғи фарҳанги башардӯстона, ҳифзи сайёра ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар арсаи ҷаҳониро доранд.
Ҳамин тариқ, ташабуси навбатии ҷониби Тоҷикистон, ки санаи 9-уми феврали соли ҷорӣ, аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардид, як иқдоми наве дар пайравӣ аз иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни пешниҳоди таҷлили Рӯзи ҷаҳонии Футбол ба СММ арзиши ин падидаро чунин арзёбӣ намуда буданд: «Ин як намуди варзиш, падидаи фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур менамояд. Ин як варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол расман эълон гардад».
Ба бахти миллати тоҷик, Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд ва рӯзи 25-уми майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ҷойи ифтихор барои ҳар тоҷику тоҷикистонист.
Сокинон ва варзишгарони ноҳияи Рӯдакӣ ин иқдоми башардӯстонаи байналмилалии навбатиро бо ифтихор дастгирӣ намуда, ба хотири сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи ҷаҳонии футбол байни дастаҳои футбол ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурдро барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳияи Рӯдакӣ» баргузор намуданд.
Пас аз суханронии раиси ноҳия филми мустанади "Аз ҷаҳони футбол" намоиш дода шуд. Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки сарояндагон барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ ба дастаҳои "Рангон"-и ноҳия 20 000 сомонӣ, ба "Куктош" 50 000 сомонӣ, ба "Ситора" 10 000 сомонӣ ва ба дастаи наврасони ноҳия 5 000 сомонӣ ва Диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ғолибони мусобиқаи "Ҷоми раиси ноҳияи Рӯдакӣ" байни наврасони то 16-солаи ноҳия бо Ҷом, медал, Ифтихорнома ва туҳфаҳо, аз қабили либосҳои варзишӣ мукофотонида шуданд.