- Hits: 2125
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ, Барномаи давлатии тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва варзиш», «Барномаи рушди футбол»-ро таҳия намуда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия марҳила ба марҳила амалӣ намуд.
Бо мақсади таҳкими тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла ҷиҳати дастгирии ҷавонони лаёкатманду боистеъдод имрӯз дар ноҳия 15 нафар гарандагони Стипендияхои Президентӣ ва 40 нафар гирандагони стипендияҳои Раиси ноҳия дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда истодаанд.
Инчунин дар маркази ноҳия - шаҳраки Сомониён марказҳои омузиши компютери, забонҳои хориҷи аз ҷумла руси ва англисӣ, касбомузии чавондухтарон, омузиш курсҳои кутоҳмудати ҳунарҳои мардуми ва забони англиси дар назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия таъсис дода шуда, мавриди истифода карор дода, ин иқдом дар ҳудуди тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти нохия давом дода шуда истодааст.
Ҷавонон қисми зиёди рохбар ва коргарони хочагиҳои деҳқонии ноҳияро, ки шумораашон зиёда аз 7000 адад мебошанд, ташкил медиҳад.
Дар таъмин намудани хуҳуқи ҷавонон ба таълим ва шуғл, кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкил намудани чойҳои кори, фарогири бо таҳсилу касбомузи, таъмини Истиқлолияти иқтисоди, фароҳам овардани шароит барои ҳифзи саломати ва тарзи ҳаёти солими ҷавонон чорабинихои гуногуну судманд таҳия ва дар амал тадбиқ гашта истодаанд.
Тарбияи ватанпарастӣ, худшиносӣ ва маънавию ахлоқии чавонону наврасон, афзоиши ҳисси эҳтиром ба таърих, фарҳанги ачдоди ва анъанаҳои милли, имруз дар мадди авал меистанд.
Шумораи умумии ҷавонони дар ноҳия 1810 ҳазору 83 нафар буда, аз ин 89ҳазоу 320 нафарашон ҷавондухтарон ташкил медиҳад.
Ин неруи бузургест, ки бояд ба раванди созандаги ва бунёдкориҳо мутобиқ гардонида шуда, ҷомеаро пеш баранд.
Дар 9 моҳи соли 2019 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», 52-то Фармоишҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9-то Қарорҳои Раиси ноҳия ва 36-то фармоишҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба тавсиб расидааст.
Инчунин дар ин давра ба Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 35-то мактубҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 76-то мактубҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-то мактубҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ворид гардида мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Ҷамъ ба Бахш 126-то мактуб ворид шуда, ба ҳаммаи мактубҳои ворид гардида ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.
Ҷиҳати иҷрои банди 3 вобаста ба татбиқи стратегияи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир:
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 26-уми июн, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он» эълон шудааст ба маълумотатон мерасонад, ки аз ҷониби Бахш миёни ҷавонон ва наврасон таҳти шиори «Ҷавонон зидди вабои аср» як қатор чорабиниҳои варзишро баргузор намуданд.
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ санаи 22-уми июни соли ҷорӣ дар толори варзишии “Геолог”-и ҷамоати шаҳраки Сомнониён мусобиқаи варзишӣ аз руи намуди Бокс миёни наврасону ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 80 нафар варзишгрон байни ҳамқувваозмоӣ намуда зиёда аз 500 нафар мухлисону хаводорони ин риштаи варзиш фаро гирифта шуданд. Дар анҷоми мусобиқа ба ғолибон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ифтихорнома ва медал қадрдони гардиданд.
Илова барин дар варзишгоҳи марказии ноҳия санаи 23-уми июни соли ҷорӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди Чавгонбозӣ миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки дар он зиёда аз чор даста иштирок намуда ва дар анҷоми мусобиқаи мазкур аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон санаи 25 - уми соли ҷорӣ дар Гимназия барои бачагони болаёқат мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди Футбол миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз ҳашт даста байни ҳам рақобат намуданд.
Инчунин санаи 26-уми июни соли равон аз ҷониби волонтёрони Бахш аксияи таблиғотӣ миёни сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳраки Сомониён ва бозорҳои ноҳия бот ақсим намудани зиёда аз 450 буклет гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 50 нафар волонтёрон аз он 15 нафар духтарон иштирок намуданд. Ҳамзамон дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби фаъолҷавонони ноҳия маҳфили шеъру сухан бо иштироки зиёда аз 30 нафар ширкат варзиданд. Онҳо миёни худ оиди мавзӯи “Мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он” баҳсҳо намуданд.
Бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он» 26-уми июн дар коллеҷҳои техникию омузгорӣ ва колеҷи ҷумҳурияви фарҳангӣ мулоқоту вохуриҳо корҳои фаҳмондадиҳи миёни омузгорону донишҷӯёни муассисаҳои мазкур ҷиҳати пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъаовар баргузор гардид.
Ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб махсусан пешгири аз сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ташакулли тарзи ҳаёти солим ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия зиёда аз 45 мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда шудааст.
Вобаста ба иҷрои банди 4 дар бораи татбиқ ва стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси Амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 29-уми декабри соли 2016, №116 ҷиҳати амалишавии Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқоввимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки вобаста ба иҷрои банди 1-и Нақшаи мазкур ҷиҳати мусоидат дар баланд бардоштани сатҳи фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давраи ҳисоботӣ, мунтазам дар якҷоягӣ бо ШВКД №1,2 дар ноҳия, Шуъбаи кор бо занон ва оила ва Раёсати маориф, Бахш оид ба корҳои дин дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, М. Турсунзода, ҷамоатҳои деҳоти Лоҳур, Чоргултеппа, Зайнабобод, Чимтеппа, Сарикиштӣ, Чортепаю Чояккоронва дар муассисаҳоитаълимии №3,1,10,4,15,63,67,45,37,32, Гимназияи тоҷики русси ба номи А.С. Пушкин колеҷи фарҳанги ноҳия, колеҷи техникӣ омӯзгорӣ ва гимназия барои бачагони болаёқат мулоқоту вохуриҳо бо аҳолӣ ва донишҷӯёну толибилмон ҷиҳати пешгирии терроризм ва экстремизм ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб бо оммаи васеи аҳолӣ баргузор карда шуд.
Дар мулоқотҳои намояндагон ҳар як бо самти худ ба сухан баромада ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб, тероризму экстримизм ва ҷинояткори байни ноболиғону ҷавонон баромадҳо намуданд.
Ҷиҳати иҷрои банди 3-и Нақша чорабинӣ аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар шаш моҳи соли 2019 3-маротиба семинар-тренингҳо оид ба пешгирии терроризм ва экстремизм дар мавзуҳои «Таҷрибаи сулҳофари Пешвои миллат», «Аз Ватан ва номуси худ ҳидоят мекунем», ва «Пешгирии тероризм ва экстримизм», бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, Шуъбаи кор бо занон, Бахш оид ба корҳои дин, Раёсати маориф ва зиёда аз 320 нафар ҷавонону наврасон баргузор гардид.
Дар мизҳои мудавар тибқи регламент ва барномаи тасдиқгардида аз ҷониби масъулин ахборотҳои муфасал дода шуда сипас ба суолу ҷавоб ва шунидани маърузачиҳон доир ба падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон шунида шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати амалии банди мазкур дар рӯзномаи ноҳиявии Насими айёми аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мақолаҳо ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҷумла терроризм ва экстремизм чоп гардида, дар ин давра аз ҷониби волонтёрони Бахш аксияҳо бо тақсим намудани маводҳои таблиғоти зери шиори «ҷавонон бар зидди ифротгароӣ» дар кучаву хиёбонҳо, марказҳои савдо, бозорҳо, марказҳои саломати ва ғайра бо шумораи зиёда аз 400 буклетҳо тақсим карда шудааст.
Илова бар ин ҷиҳати иҷрои банди 8-и Нақша аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо оилаҳои шахсоне, ки фарзандонашон ба фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ даст доштанд мулоқот намуда, онҳоро ҷиҳати нодуруст будани амалҳои фарзандонашон ва баргардондани онҳо аз хориҷи кишвар тариқи усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.
Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳи ва додани огоҳнома ба оилаҳое, ки фарзандонашон дар хориҷи кишвар ғайриқонуни таҳсил мекунанд аз шумораи 206 нафар 196 нафарашон ба оила баргашта то имрӯз 10 нафари дигар боқи мондааст, ки онҳоро низ дар муҳлати кутоҳтарин баргардонида мешавад.
Инчунин барои ҷалби ҷавонон ба илмҳои муосир дар назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия курси кутомуддати забони англисӣ ва барои ҷавонондухтарони бекор курси кутҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, зиёда аз 35 нафар ҷавонон ба забономӯзӣ ва касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд. Дар курс ҷавондухтарон ба дузандагӣ, зардузи, бофандагӣ ва духтани анҷомҳои занона машғул мебошанд.
Дар анҷоми курсҳо ба ҷавонон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Гувоҳномаҳо тақдим карда шуд.
Ҳамзамон таҳти шиори «Нест бод терроризм ва ифротгароӣ» дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳия мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида шуд. Дар мулоқот Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ А. Сатторӣ оиди пешгирии падидаҳои номатлут аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ҷинояткори дар байни ноболиғону ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 400 нафар суханрони намуданд.
Дар асоси банди 5 фармоиши мазкур оид ба татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 дар ноҳия:
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021»Қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 26 апрели соли 2019, №1419 «Дар бораи Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2019-2021» қабул гардида, соли ҷорӣ беш аз 104 чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ баргузор гардида, ба он бевосита зиёда аз 135 ҳазору 400 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуд, ки ба воситаи онҳо ба ҳамсолонашон таъсири сиёсати давлатии ҷавонон расонида шудааст.
Бахш бо мақсади бо сифат амали намудани Барномаву санадҳои дар боло зикргардида, ҳамкориро бо Раёсати маориф, шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои фарҳанг, дин, Комиссариати ҳарбӣ, шуъбаҳои вазорати корҳои дохилии №1,2 ва беморхонаи марказии ноҳия боз ҳам зичтар намуда, дар ноҳия як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд.
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз 18 январи соли равон то ин ҷониб дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, М.Турсунзода ва деҳотҳои Лоҳуру, Зайнабобод, Чоргултеппа, Роҳатӣ, Гулистони ноҳия бо шумораи зиёди ҷавонон ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти шиори «Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хурам мекунем» гузаронида шуд.
Дар чорабинҳои мазкур аввалин ниҳолро Раиси ноҳия мӯҳтарам Акрамзода Рустам бо ҷавонон шинониданд. Дар ҳашар зиёда аз 7900 ниҳолҳои ороиши ва сояафкан аз ҷониби кулли ҷавонони ноҳия шинонида шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳашарҳои умуминоҳияви тариқи шабакаҳои иҷтимои паҳн гардида аз ҷониби шабакаи Телевизони Тоҷикистон ба навор гирифта шуда, дар барномаи Ахбор пахш гардиданд.
Санаи 30 январ дар маркази ноҳия иди Садаро бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтанд, ки аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гулхани идона афрухта шуд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ 31 аксияҳо таҳти шиори «Саҳми ман дар шаҳри ман», «Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хуррам мекунем», «Саломатии Шумо ифтихори мост», «Биёед китоб мехонем», «Насли ҷавон ҳаёти бе зуровариро интихоб мекунад», «Худ ва наздикони хешро зери хатар магузор», «Ҷавонон зуҳуроти номатлубро маҳкум менамоянд», «Китоб - ганҷи бебаҳо», «Салом модар ман туро дуст медорам» ва Аксияи «Худро аз ВНМО ҳифз намо» бо шумораи зиёда аз 2400 буклетҳои тарғиботи миёни аҳолии ноҳия гузаронида шуд.
Инчунин санаи 6 феврали соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияиРӯдакӣ бо ходимони дин, роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва раисони маҳаллаҳо вохури оиди пешгири аз падидаҳои номатлум махсусан терроризм ва экстримизм бо иштироки зиёда аз 300 нафар баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия доир ба пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҷумла тераризму экстримизм суханрони намуда, ҷиҳати дар давоми соли 2018 бо ташабуси Бахш ва дастгирии соҳибкорони маҳалли сохта ба истифода дода шудани 9 иншооти варзишӣ, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба варзиш ва пешгири аз падидаҳои номатлуб аз ҷониби Раиси ноҳия минатдори карда шуд.
Инчунин дар давоми соли 2019, 5 майдончаи варзишӣ дар ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода ва 1 майдончаи варзишӣ, дар ҷамоатҳои деҳоти Роҳати 2, Чоргултеппа 1 ва Чимтеппа 1 майдоча бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон таҳти шиори «Нест бод терроризм ва ифротгароӣ» дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳия мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида шуд. Дар мулоқот Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ А. Сатторӣ оиди пешгирии падидаҳои номатлут аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ҷинояткори дар байни ноболиғону ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 400 нафар суханрони намуданд.
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабиниҳои Бахш оид ба таҷлили Рӯзи Модар тартиб дод шуда, як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.
Тибқи банди аввали нақшаи мазкур дар мактаби мусиқии бачагона Фестивал озмуни «Суруди модар - Алла» бо иштироки зиёда аз 15 нафар ҷавондухтарони фаъоли Коллеҷи техникӣ омӯзгорӣ ва Коллеҷи фарҳангӣ ҷумҳуриявӣ ба номи П.Буйдоқов баргузор гардид. Дар озмун ҷавондухтарон маҳорати қироати суруди модар – Алла ва хобонидани кӯдакро нишон дода аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузори гардиданд.
Дар анҷом ба ғолибон аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мутобиқи банди дуюум дар толори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши занону модарон дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ ва Мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ оиди нақши занону модарон дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ баромад ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон тибқи банди сиюми нақшаи мазкур аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» аксияи «Ало салом модар, ман туро дӯст медорам»-ро дар маркази ноҳия гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 50 нафар ҷавонон ба модарони худ занг зада бахшида ба Рӯзи Модар онҳоро табрик намуда ва аз меҳру муҳаббати беандозаашон нисбати модарон суҳбат намуданд.
Мутобиқи банди чоруми нақшаи мазкур Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣмарҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҷавондухтари ҳунарманд»-ро бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Рӯдакӣ миёни ҷавондухтарони фаъоли ноҳия баргузор намуд. Дар озмун ҷавондухтарон тибқи низомнома пухтани нон, омода намудани хуроки миллӣ, намоиши малакаи ҳунармандӣ, парпеч кардани кӯдак ва хондани суруди модар (Алла)-ро ба хуби нишон доданд. Дар анҷом ба ғолибон аз ҷониби Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия А. Сатторӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Тибқи банди панҷум дар Қасри фарҳангӣ ноҳия чорабинии идонаи фарҳангӣ бо иштироки 300 нафар занони барӯманди ноҳия таҳти унвони «Сад ҷону дил фидоӣ як мудаои модар» баргузор гардид.
Тибқи иҷрои банди шашуми нақша санаи 4-марти соли равон мусобиқаи баскетбол байни бонувони корхонаву ташкилотҳо таҳти шиори “Гурдофарид” дар толори гимназияи тоҷики-русси ба номи А.С. Пушкин баргузор гардид.
Дар мусобиқа 8-даста байни ҳам қуваозмои намуда ғолибон бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотирави қадрдогни гардиданд.
Инчунин санаи 5-марти соли 2019 бахшида ба рузи модар дар МТМУ №15-и ноҳия мусобиқаи варзиши аз намуди шашка, шоҳмот ва волейбол байни бонувон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 180-нафар иштирок намуда, ғолибон бо медал, ҷом ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардаданд.
Масъалаи мазкур зери назорати қатъииБахшикорбоҷавонон ва варзиш қарордоштачораандешиҳодаринсамтидомадорад.
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни ҳафтсину ҳафтшин, Нонпази беҳтарин, Кадбонуи беҳтарин байни ҷавонондухтарон ва писарон доир карда шуд, ки дар он ҷавонон шеъру суруд ва ҳунарҳои милли мардумӣро пешкаш намуданд.
Бо мақсади амали гардонидани Барномаи мазкур бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила, ШВКД-№1,2ва Беморхонаи марказӣбаҳри амали сохтани барномаҳои «Пешгирии Вируси Норасоии Масунияти Одам ва Бемориҳои сироятӣ байни ҷавонони деҳот», пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, нашъамандию нашъаҷалобӣ,танфурушӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо фаъолҷавонон 35 аксияҳо ва зиёда аз 41 вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Ҳамзамон дар асоси Амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шуъбаи кор бо занон ва оила, Шуъбаи амният, Бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ШВКД 1,2-и ноҳия гуруҳи корӣ ташкил намуда, ҳамарӯза рейди муштарак дар мавриди пешгирии либоспӯшии хилофи фарҳанги миллӣ ва риши бе маврид миёни ҷавонон гузаронида мешавад.
Дар маркази ноҳия шаҳраки Сомониён дар якҷогӣ бо сохторҳои дахлдор рейди муштарак гузаронида шуд. Дар сару либоси омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои ҳудуди шаҳрак дар натиҷаи санҷиш ягон камбудие дида нашуд. Ҳамчунин аз марказҳои савдои «Сафина», бозори «Ганҷ» дидан намудем. Сару либоси савдогарон тибқи талабот буда, танҳо аз тарафи харидорон бо либоси бегона, яъне сатру ҳиҷоб гаштугузор намудани онҳо ба назар расид, ки мо бо онҳо ҳамсуҳбат шуда, риояи талабот ба либоспӯширо фаҳмонидем. Дар натиҷа як қисме аз онҳо дар вақти суҳбат либосҳои барои Тоҷикистониён бегона, яъне сатру ҳиҷоб, ки дар сар доштанд, гирифта бо рӯймолҳои оддӣ иваз намуданд.
Чунин рейдҳо дар марказҳои савдо, бозорҳо, ошхонаю тарабхонаҳо, муассисаҳои таълими, бунгоҳҳои тибби ва кӯчаву хиёбонҳои тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи гуруҳи кори тариқи наворбардори ва расмгири гузаронида шуд.
Дар асоси мактуби Роҳбари ДастгоҳииҷроияиПрезиденти ҶумҳурииТоҷикистоназ 20 феврали соли 2019, №25480(26,7) дар бораи баргузории дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии “Наврӯз” Амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 1 марти соли 2019, №29 ба тавсиб расида, санаи 16 марти соли равон тибқи нақша чорабиниҳои мазкур дар сар то сари ноҳия дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ Раиси ноҳия муҳтарамАкрамзода РустамкормандонидастгоҳиРаисиноҳия, Мақомотииҷроияиҳокимиятидавлатииноҳия, сохторҳои маҳаллӣ ва шумораи зиёди ҷавонону наврасон новобаста аз сину сол иштирок намуданд.
Дар анҷоми чорабини ғолибон бо медал, диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияиРӯдакӣ бо мақсади иҷроиши Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва рварзиши назди ҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон оиди ба таҷлили «РӯзиҷавонониТоҷикистон 23-май» таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат!» дар ноҳия Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки тибқи он дар сар то сари ноҳия чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавию варзишӣ доир гардиданд.
Мутобиқи банди 1-уми нақша чорабиниҳо санаи 8 май аксияи поси хотир дар оромгоҳ бо номи “Тошхонхӯҷа” таҳти унвони “Мо ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорем” гузаронида шуд. Дар аксия ҷавонон роҳравҳо ва болои мазорҳоро аз алафҳои зиёдати тоза намуданд.
Тибқи банди 2-юми нақша санаи 8 май Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷояги бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва КИ ҲХДТ ба мулоқот ва аёдати 8 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта кумакҳои яквақта аз қабили орд, равған, гушт расонида шуд ва бо Рӯзи иди Ғалаба табрик намуда бо онҳо суҳбатҳо оростанд. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз лаҳзаҳои ҷангашон ёдовари шуда ба меҳмонон қиссаҳо намуданд.
Ҳамзамон мутобиқи банди 3-юм бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила омили устувории оилаҳои ҷавон» бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар Мувоини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Камолзода Ф., Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия А. Сатторӣ намояндагони Сабти асноди ҳолати шаҳравнди, шуъбаи кор бо занон ва оила ходимони дин доир ба ин мавзӯъ суханрони намуданд.
Дар мизи мудавар муовинони Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба идиология раисони шуроҳои кор бо занону ҷавонон, донишҷуён ва кормандон марбуд ба соҳа иштирок дошта такифу пешниҳодҳои худро намуданд.
Дар рафти мизи мудавар ба 100 нафар иштирокчиён китобчаҳо дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зуровари дар оила тақсим карда шуд.
Ҷиҳатииҷрои банди 4-уми Нақшаичорабиниҳобахшидаба Рӯзи байналмиллалии Осорхонаҳо санаи 18 майи соли равон дар осорхонаи марказии ноҳияиРӯдакӣ як рӯзидарҳои кушоди осорхона бо иштироки зиёда аз 400 нафар ҷавононунаврасон гузаронида шуд. Ҷавонони ноҳия аз осори бойю рангини гузаштагонамон дидан намуда, барои худсанаҳои таърихиро қайднамуданд.
Тибқи банди 5-уми Нақшаи мазкур Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” аксияи “Пиёдагардии саломати”-ро дар баландкӯҳҳои ноҳия бо иштироки ҷавонони фаъол баргузор намуд.
Вобаста ба банди 6-и НақшадарноҳияАксияиноҳиявии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», «Мо ҷавонон зидди нашъамандӣ!», “Саломатии ҷавонон саломатии миллат”, “Хизмат ба Ватан шараф аст” дар боғҳовамарказиноҳиябоиштирокиволонтиёрониБахшикорбоҷавононваварзишиноҳия ва шумораи зиёди ҷавонон гузаронида шуд, ки дар аксия зиёда аз 500 маводҳоитаблиғотибуклетҳотақсимкардашуд.
Ҷиҳатииҷроибанди 7-уми Нақшаи чорабиниҳо бахшидабатаҷлили «РӯзиҷавонониТоҷикистон 23-май» мусобиқаиФутболи хурд байникорхонавуташкилотҳо ва муассисаҳоиноҳиябароидарёфтиҶомиРаисиноҳияиРӯдакӣ бахшида ба РӯзиҷавонониТоҷикистон дар майдончаи варзишии боғифарҳангӣфароғатӣвасолимгардонииҒалаба ва майдончаи варзишии “Шифо” баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 14 даста байни ҳамсабқатнамудандва дар анҷоми мусобиқадастаи Шуъбаи вазорати корҳои дохилии – 1 дар ноҳияи Рӯдакӣ сазовори ҷойиаввалгардид. Ба ғолибон аз ҷониби Раиси ноҳия дар маросими тантанави ифтихорнома, медал, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ҶомиРаисиноҳиясупоридашуд.
Вобаста ба иҷроибандҳои 8,9 ва 10-юми Нақшаимазкур бахшида ба таҷлили РӯзиҷавонониТоҷикистон санаи 23 майи соли равон роҳпаймоии ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» бо фарогирии 5000 нафар кормандони касбу кори гуногун иштирок ва баргузор карда шуд. Ҳамзамон худи ҳамон рӯз дар бинои қасри фарҳангӣ ноҳия мулоқоти Раиси ноҳия бо фаъолҷавонону варзишгарон баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаи Шурои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳия баррасӣ гардид. Дар шуро масъалаҳои ҷалб намудани духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардуми ва омузиши забонҳои хориҷи баррасӣ гардида Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, раёсати маориф ва шуъбаи кор бо занон ва оила вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати амали намудани масъалаҳои мазкур чораҳои зарури андешида шавад.
Дар анҷоми мулоқот ҷавонони фаъол аз тамоми сохторҳои маҳалли варзишгарон ва роҳбарони ҷавон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣқадрдони гардиданд.
Сипас аз ҷониби санъаткорони ҷавони ҷумҳурӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баҳри болидагии ҷавонон баргузор гардид.
Худи ҳамон рӯз дар маркази ноҳия бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳагию фароғати «Шоми ҷавонӣ» бо иштироки зиёда аз 2200 нафар ҷавонону наврасон баргузор карда шуд, ки хурсандии ҷавононро ҳаду канор надошт.
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сар то сари ноҳия чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ ва оммавию варзишӣ доир гардиданд.
Оғоз аз аввали моҳазҷонбиБахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳиямусобиқаҳоиварзишиазнамудигуштинидзюдо, Бокс, бадминтон, мусобиқаҳоиварзишиишашкашоҳмотдастхобонидарбоғҳо бошумораи 1100 ҷавононунаврасонгузаронидашудааст.
Ҳамзамон мутобиқи 11-уми Нақшаи чорабиниҳо санаи 12 май дар толори варзишии Гимназияи тоҷикӣ – русӣ ба номи А.Пушкин фестивалибозиҳоибаскетболволеболвафутбол бо шумораи 800 нафар ҷавонону наврасон доир гардид.
Дар асоси мактуби ДастгоҳииҷроияиПрезиденти ҶумҳурииТоҷикистоназ 15 апрелии соли 2019 №25502(26,7) бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавононваварзишинохия оиди баргузории Дави миллӣвамарафонивелосипедронӣбахшидаба таҷлили «РӯзиҷавонониТоҷикистон» санаи 19 майли соли 2019 дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ Раиси ноҳия муҳтарамАкрамзода РустамкормандонидастгоҳиРаисиноҳия, Мақомотииҷроияиҳокимиятидавлатииноҳия, сохторҳои маҳаллӣ ва шумораи зиёди ҷавонону наврасон новобаста аз сину сол иштирок намуданд.
Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба зиёда 150 нафар ҷавонону иштирокчиёни фаъоли Дави милли либоси варзиши дода шуд.
Дави миллиро Раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Рустам кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои маҳаллии ноҳия оғоз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ зиёда аз 28200 нафар ҷавонону наврасон новобаста аз сину сол иштирок намуданд.
Дар фарҷом ба ғолибон аз ҷониби Раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Рустам медал, ифтихорнома, ҷом ва туҳфаҳои хотирави супорида шуд.
Ҷиҳати иҷрои банди 6 вобаста ба татбиқи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар ноҳияи Рӯдакӣ:
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» Қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 14 июни соли 2019, №2317 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ барои солҳои 2018-2022» қабул гардида, соли ҷорӣ беш аз 35 чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ баргузор гардида, ба он бевосита зиёда аз 14500 нафар наврасону ҷавонон фаро гирифта шуд, ки ба воситаи онҳо ба ҳамсолонашон таъсири ватандустии ҷавонон расонида шудааст.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории мулоқоту вохуриҳои ҷавонони сини даъватии муассисаҳои таълимии ноҳия бо сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Рӯзи дарҳои кушод» бахшида ба 26 солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 январи соли 2019 дар қисми низомии №15018, санаи 6 феврали соли равон дар қисми ҳарбии №41008 ва санаи 15 феврали соли 2019 дар қисми низомии №05145 Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 751 нафар ҷавонони сини даъвати мулоқоту вохуриҳо баргузор гардид.
Ҷавонон дар рафти вохуриҳои аз ҳолу аҳволи афсарон, ҷойи хобу хурок, ҷойи тамрин ва тамоми шароитҳои қисмҳои низомии мазкур шинос гардиданд.
Тибқи нақша чорабиниҳои Кумтаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 феврал ҳаҷвнигорони ҷавони Кумита «Лабханди ҷавонӣ» ва сарояндагони ҷавон дар қисми ҳарбии №45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва қисми низомии №15018 Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 26-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарбозону афсарон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор намуданд.
Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 26-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 феврал мулокот дар Қисми низомии №0123 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайчалолзода Сайидаҳрор ва Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ А. Сатторӣ доир ба дастовардҳои мақомотҳои Қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар суханро ни намуда тамоми ҳайати шахсии қисми низомии мазкур ва дар симои онҳо тамоми афсарону аскарони ҷумҳуриро бахшида ба 26-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Дар мулоқот зиёда аз 720 нафар сарбозон иштирок намуда, ба фаъолони қисми низомии мазкур бо туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Инчунин санаи 20 фврали соли 2019 дар арафаи 26 солагии рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ даври ниҳоии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» бо иштироки зиёда за 220 нафар ҷавонони то синни даъватӣ дар қисми низомии №15018-и Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Даври минтақавии мусобиқа дар ҳудуди 6 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида, зиёда аз 40 даста иштирок намуданд. Ба даври ниҳои 12 даста роҳхат гирифта байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқа ҷавонон ва афсарон миёни худ аз намудҳои бандкашӣ, вазнбардорӣ, дастхобонӣ, тирпаронӣ, турниккашӣ ва давидан ба масофаи 100 метр қувваозмоӣ намуда, дар анҷоми мусобиқаҳо ғолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд. Инчунин ҷавонон бо шарту шароити афсарони қисми низомии мазкур шинос шуданд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни мазкур дастгири ва ҳавасмандгардонии ихтиёриён, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Хизмати Ватан шараф аст», ҷалби сарбозону афсарон ба чорабиниҳои ноҳиявӣ, сӯҳбату вохӯриҳо дар зиёда аз 8 қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Чорабиниҳои мазкур тариқи шабакаҳои телевизонӣ пурра наворбардорӣ гардидаанд.
Вобаста ба таҷлили 26 солагии рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии №45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ мусобиқаи ҳарби варзиши «Ватанпарвар» байни сарбозон баргузор гардид.
Дар мусобиқа афсарон миёни худ аз намудҳои бандкашӣ, вазнбардорӣ, дастхобонӣ, тирпаронӣ, турниккашӣ ва давидан ба масофаи 100 метр қувваозмоӣ намуда, дар анҷоми мусобиқаҳо ғолибон бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Инчунин тибқи нақша дар Колеҷи фарҳангии ҷумҳуриявӣ ба номи Буйдоқов П.Ҷ., Колеҷи техники омузгорӣ бахшида ба ҷашни мазкур чорабиниҳои фарҳангиву фароғати баргузор гардид, ки донишҷуён тариқи сурудҳои Ватандустона ва саҳнаҳои ҳаҷви таъби иштирокчиёнро болида гардониданд.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 20 марти соли 2019, №981 «Дар бораи тайёр ва гузаронидани даъвати ҷавонони солҳои таваллудашон 1992-2001-ум ба хизмати ҳарбӣ дар баҳори соли 2019» бахшида ба Рӯзи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 1 апрели соли равон соати аз 9:00 то 12:00 дар назди бинои Комисариати ҳарбии ноҳия Барномаи фарҳангӣ фароғатӣ баргузор намуд, ки зиёда аз 3000 нафар иштирок намуданд.
Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 100-нафар ҷавонони даъватшуда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либосҳои варзишӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ 12 аксияҳо таҳти шиори «Ба муҳофизати ватани маҳбубамон омадаем», бо шумораи зиёда аз 850 буклетҳои тарғиботи миёни аҳолии ноҳия гузаронида шуд.
Ҳамзамон тибқи нақша аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкори бо сохторҳои маҳалли оид ба самти идеологӣ дар қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия мулоқоту вохуриҳоро дар самти дастовардҳои Ватани азизамон дар 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба афсарону сарбозони фаъол туҳфаҳои хотирави супорида шуд.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 6 сентябри соли 2019, №3140 «Дар бораи тайёр ва гузаронидани даъвати ҷавонони солҳои таваллудашон 1992-2001-ум ба хизмати ҳарбӣ дар тирамоҳи соли 2019» бахшида ба Рӯзи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 2 октябри соли равон соати аз 9:00 то 12:00 дар назди бинои Комисариати ҳарбии ноҳия Барномаи фарҳангӣ фароғатӣ баргузор намуд, ки зиёда аз 2000 нафар иштирок намуданд.
Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 100-нафар ҷавонони даъватшуда ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардида бо либосҳои варзишӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Вобаста ба иҷрои бандҳои 7 ва 9 оид ба татбиқи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд:
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо мақсади кам намудани қонуншиканиҳо ва иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» комиссияи доимӣ ва ҷамъиятӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Қарори Раиси ноҳия тасдиқ карда шуда, мунтазам миёни аҳоли корҳои фаҳмондадиҳӣ ва татбиқи иҷрои қонони мазкурро амали гардонида истодааст.
Дар ин давраи ҳисоботӣ 24 мавод барассӣ гардида, 12 ҷаласаи комиссия баргузор карда шуда, нисбати 15 нафар волидайн тибқи қарори комиссия огаҳӣ дода шуд. Ҳамчунин 3 нафар ноболиғ ба мактаб-парваришгоҳи №1-и ноҳия, 2 нафар ба литсейи махсус ва 3 нафар ба хонаи кӯдакон ворид карда шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур оиди риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» миёни сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои варзишӣ ва колеҷҳои ноҳия мулоқоту вохуриҳои судманд ҷиҳати риояи талаботҳои қонуни мазкур гузаронида шуд.
Инчунин дар ҳудуди шаҳракуҷамоатҳоиноҳия миёни сокинон зиёда аз 25 аксияҳои таблиғоти ҷиҳати иҷрои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронида шуд. Дар ин аксияҳо зиёда аз 1000 буклетҳоитаблиғотӣтақсимкардашуд.
Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо ШВКД 1-и ноҳия гуруҳи корӣ ташкил намуда дар ҷамоати деҳоти Лоҳур, ҷамотаи деҳоти Зайнабобод, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, ҷамоати деҳоти Чортеппа ва ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ сӯҳбату вохӯриҳо оид ба таблиғиталаботиқонунгузорииҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 1600 хонандагони Муассисаҳои таълимӣ ва сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳур, Зайнабобод, Чоряккророн, Чоргултеппа ва Чортеппа иштирок намуданд.
Бо мақсади амали гардонидани Барномаи мазкур бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила, ШВКД-№1,2ва Беморхонаи марказӣбаҳри амали сохтани барномаҳои «Пешгирии Вируси Норасоии Масунияти Одам ва Бемориҳои сироятӣ байни ҷавонони деҳот», пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, танфурушӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо фаъолҷавонон зиёда аз 25 вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Инчунин дар Китобхонаи марказии ноҳия вохӯри байни толибилмон оиди фаҳмонидани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баргузор гардид.
Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо ШВКД 1-и ноҳия гуруҳи корӣ ташкил намуда дар Гимназия барои бачагони лаёқатманд, МТМУ №4 ва МТМУ №3 дар ноҳияи Рӯдакӣ сӯҳбату вохӯриҳо оид ба таблиғи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 500 хонандагони Муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Тибқи иҷрои бандҳои 8 ва 10 оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳия:
Вобаста ба моҳиятиҚонуниҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашнумаросимдарҶумҳурииТоҷикистон” мавриди баррасӣқарордода, ба маълумотатон мерасонад, ки бо ҷалби намояндагони шинохтаи аҳли зиё, ходимони дин корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия баргузор намуд.
Ҳамзамон дар асоси Амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шуъбаи кор бо занон ва оила, Шуъбаи амният, Бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ШВКД 1,2-и ноҳия гуруҳи корӣ ташкил намуда, ҳамарӯза рейди муштарак дар мавриди пешгирии либоспӯшии хилофи фарҳанги миллӣ ва риши бе маврид миёни ҷавонон гузаронида мешавад.
Вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Қонуни мазкур дар якҷояги бо комиссияи ноҳияви оид ба танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе якшанбе дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар зиёда аз 56 маъракаҳо рейдҳо гузаронида шуда, қонуншиканиҳо бартараф карда шуданд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” зиёда аз 22 аксиҳо ва вохӯриҳо оид ба “Танзим баракати зиндагӣ” дар маркази ноҳия ва муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1100 буклетҳои таблиғоти миёни сокинони ноҳия тақсим карда шуд.
Доир ба иҷрои комиссияи ҷамъияти ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе якшанбе тибқи Қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия аъзои комиссияи ноҳияви дар ҷамоатҳои деҳоти Сарикиштӣ ва Чортеппа вобаста гардида бо гуруҳҳои корӣ дар тую маъракаҳо рейдҳои муштаракт ҷиҳати таъмини иҷрои қонуни мазкур гузаронида мешавад.
Дар ҳолати пайдо гардидани қонуншиканиҳо шаҳрвандон протоколи маъмури тартиб дода шуда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод карда мешавад.
Вобаста ба иҷрои банди 12 оид ба фаъолияти гирандагони стипендияи Президентӣ:
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 12 декабри соли 2016 №53 фармоиш ва низомномаи маҳфили Гирандагони стипендияи Президентӣ тасдиқ гардида мутобиқи он ҳар рӯзҳои душанбе ва шанбе дар толори китобхонаи марказӣ ҷамъшуда, дар асоси нақша фаъолият менамояд. Гирандагони стипендия дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, мизи мудаввар, аксияҳо, ҳамоишҳо ҳамеша фаъолона иштирок менамояд. Инчунин дар озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби маҳфил зиёда аз 18 аксияҳои таблиғотӣ зери унвони “Пайравони Пешвои миллатем”, “Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хуррам мекунем”, “Мо ба гузаштагони худ арҷ мегузорем”, “Нест бод терроризм ва экстремизм” ва “Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан” гузаронида шуд.
Бояд қайд кард, ки 15 нафар Гирандагони стипендияи Президентӣ ба Донишгоҳҳо ва Донишкадаҳои Федератсияи Руссия, Хитой, Полша, Америка ва ҳудуди ҷумҳури бо кӯшишу ғайрати худ сазовори номи донишҷӯ гаштанд.
Маҳфил фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон, Низомнома дар бораи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, №508 тасдиқ шудааст, Низомномаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёни фаъол ва болаёқати мактабҳои олӣ, ки бо қарори ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, №2.3 тасдиқ шудааст ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият ба роҳ мемонад.
Ҷиҳати иҷрои банди 13 вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтиёрӣ»:
Тибқи нақша чорабиниҳои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» 14 январи соли 2019 аз ҷониби Волонтёрон дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод аксияи тозагӣ «Саҳми ман дар шаҳри ман» бо иштироки 50 нафар баргузор гардид. Ҳамзамон таҳти ҳамин шиор дар шаҳраки Сомониён ва шаҳраки Мирзо Турсунзода гузаронида шуд, ки беш аз 150 нафар ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» 18 январи соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, М.Турсунзода ва деҳотҳои Лоҳуру Гулистони ноҳия бо шумораи зиёди ҷавонон ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти шиори «Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хурам мекунем» гузаронида шуд.
Дар чорабинҳои мазкур аввалин ниҳолро Раиси ноҳия мӯҳтарам Акрамзода Рустам бо ҷавонон шинониданд. Дар ҳашар зиёда аз 4700 ниҳолҳои ороиши ва сояафкан аз ҷониби кулли ҷавонони ноҳия шинонида шуд. Ёдовар мешавем, ки ҳашарҳои умуминоҳияви тариқи шабакаҳои иҷтимои паҳн гардида аз ҷониби шабакаи Телевизони Тоҷикистон ба навор гирифта шуда, дар барномаи Ахбор пахш гардид.
Санаи 30 январ дар маркази ноҳия иди Садаро бо як шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифтанд, ки аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гулхани идона афрухта шуд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат»-и Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ 21 аксияҳо таҳти шиори «Саҳми ман дар шаҳри ман», «Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хуррам мекунем», «Саломатии Шумо ифтихори мост», «Биёед китоб мехонем», «Насли ҷавон ҳаёти бе зуровариро интихоб мекунад», «Худ ва наздикони хешро зери хатар магузор», «Ҷавонон зуҳуроти номатлубро маҳкум менамоянд», «Китоб - ганҷи бебаҳо» ва Аксияи «Худро аз ВНМО ҳифз намо» бо шумораи зиёда аз 900 буклетҳои тарғиботи миёни аҳолии ноҳия гузаронида шуд.
Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи Модар аз ҷониби маҳфил аксияи “Салом модар, ман туро дӯст медорам” дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳия гузаронида шуд.
Инчунин дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар ҳудуди шаҳракуҷамоатҳоиноҳия миёни сокинон зиёда аксияҳои таблиғоти ҷиҳати иҷрои қононҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар ин аксияҳо зиёда аз 480 буклетҳоитаблиғотӣтақсимкардашуд.
Ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии марказҳои ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки ихтиёриён волонтиёрони Бахш корҳои ташфиқотӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, мубориза ба муқобили ВНМО/БПНМ ва аксияҳо ҷавонон зиди ВНМО баргузор карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз750 маводҳои таблиғоти ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Тибқи нақша чорабиниҳои маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» дар Китобхонаи марказии ноҳия ва толори Бахш аз ҷониби волонтиёрон ва гирандагони стипендияи Президенти ва Раиси ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба зарари тамоку ва паст намудани дараҷаи паҳншавии истеъмоли тамоку миёни ҷавонон гузаронида шуд. Дар чорабинии номбурда зиёда аз 350 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» аксияи «Дарҳои кушоди осорхона» бахшида ба Рӯзи байналмиллалии Осорхонаҳо санаи 18 майи соли равон дар осорхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 400 нафар ҷавонону наврасон гузаронида шуд. Ҷавонони ноҳия аз осори бойю рангини гузаштагонамон дидан намуда, барои худ санаҳои таърихиро қайд намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби маҳфил бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” аксияи “Пиёдагардии саломати”-ро дар баландкӯҳҳои ноҳия бо иштироки ҷавонони фаъол баргузор намуд.
Бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” аз ҷониби маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” аксияҳои ноҳиявии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат», «Мо ҷавонон зидди нашъамандӣ!», “Саломатии ҷавонон саломатии миллат”, “Хизмат ба Ватан шараф аст”-ро дар боғҳо ва маркази ноҳия бо иштироки волонтиёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва шумораи зиёди ҷавонон гузаронида шуд, ки дар аксия зиёда аз 500 маводҳои таблиғоти буклетҳо тақсим карда шуд.
Ҳамзамон дар ин давра бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 23 майи соли равон роҳпаймоии маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” таҳти шиори «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» бо фарогирии 5000 нафар кормандони касбу кори гуногун иштирок ва баргузор карда шуд.
Санаи 8 май аз ҷониби маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” аксияи поси хотира дар оромгоҳ бо номи “Тошхонхӯҷа” таҳти унвони “Мо ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорем” гузаронида шуд. Дар аксия ҷавонон роҳравҳо ва болои мазорҳоро аз алафҳои зиёдати тоза намуданд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” дар шаҳраки Сомониён, ҷамоати деҳоти Зайнабобод, Гулистон, Лоҳур, Чоргултеппа, шаҳраки М.Турсунзода аксияи “Тоза нигоҳ доштани маҳаллаҳои зист” гузаронида шуд.
Дар шанбеги волонтёрон баҳри тохаву озода нигоҳ доштани ҷамотҳои шаҳраку деҳот паскӯчаҳо ва гирду атрофи биноҳои баландошиёнаро аз партовҳои беҳӯда тоза намуданд.
Ҳамзамон аксияҳои “Дар ҷавони дор пиронро азиз”, “Роҳнамо барои муҳоҷирони меҳнатӣ”, Мо ҷавонон зидди бемории ВНМО ҳастем”, “Ҳаёти соли интихоби мо ҷавонон”, “Биёед китоб мехонем”, “Ҷавонон зуҳуроти номатлубро маҳкум менамоянд”, “Даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии тоҷикистон”, “Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан” дар марказҳои ҷамотҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Дар аксияҳо зиёда аз 400 буклетҳои таблиғоти вобаста ба мавзӯъ миёни аҳоли тақсим карда шуд.
Ҳамзамон дар толори маҷлисгоҳи Бахш аз ҷониби маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешгирии зуровари дар оила” гузаронида шуд. Мизи мудавварро Мудири Бахш бо маърӯзаи худ оғоз намуда дигар аъзоёни маҳфил идома доданд. Ҳамин тариқ дар анҷом байни худ оиди ин мавзӯъ саволу ҷавоби кушод ба миён омад.
Мутобиқи иҷрои банди 14 вобаста ба татбиқи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак:
Тибқи иҷрои Комиссия зиёда аз 8 рейдҳои муштарак дар марказҳои интернетӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати ба танзим даровардани истифодаи ғайриқонунии меҳнати ноболиғон ва аз байн бурдани шаклҳои хатарноки меҳнати кӯдакон (кашонидани борҳои вазнин, мошиншӯи, пахтачинӣ, аробакашӣ, фӯрӯхтани борхалтаҳо ва ғайра) гузаронида шуда, ҳамчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо миёни аҳолӣ баргузор карда шуд, ки шумораи фарогирифтагон 2000 нафарро ташкил медиҳанд.
Ҳамзамон аз ҷониби волонтёрони бахш аксяҳо оиди меҳнати кӯдакон дар бозорҳои дохилии шаҳрак гузаронида шуд ва бо бачаҳое, ки ба арабокаши ва дигар меҳнатҳо машғул буданд суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳи гузарониданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 4 мавод барассӣ гардида, 3 ҷаласаи комиссия баргузор карда шуда, нисбати 2 нафар волидайн тибқи қарори комиссия огаҳӣ дода шуд. Ҳамчунин 1 нафар ноболиғ ба мактаб-парваришгоҳи №1-и ноҳия, 2 нафар ба литсейи махсус ва 1 нафар ба хонаи кӯдакон ворид карда шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби волонтёрони Бахш миёни кӯдаконе, ки дар бозорҳои шаҳрак ба кашонидани борҳои вазнин, мошиншӯи, аробакашӣ, фӯрӯхтани борхалтаҳо ва ғайра машғуланд аксияи «Волонтёри шараф аст» гузаронида шуд.
Волонтёрон онҳоро ба маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» даъват намуданд ва дар бораи фаъолияти волонтёрӣ ба онҳо фаҳмониданд.
Бахшида ба Рӯзи муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон санаи 1 июн дар кӯдакистони №1 чорабинии фарҳангӣ фароғати таҳти унвони «Кӯдакон дунёи моянд» бо иштироки Муовини Раиси ноҳия Камолзода Ф, Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Шуъбаи кор бо занон ва оила, ШВКД-1, Раёсати маорифи ноҳия баргузор гардид.
Ҳамзамон дар рафти чорабинии мазкур ба қӯдакони маюб кӯмакҳои яквактаинаи пулӣ расонида шуд. Худи ҳамн рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки сарояндагони Бахши фарҳанг базми идона бахшида ба Рӯзи муҳофизати ҳуқуқи кӯдакон бо иштироки зиёда аз 300 нафар кӯдакон баргузор карда шуд.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» аксияи тарғиботӣ дар мавзӯи «Ҳаёти кӯдакии мо рангин аст» дар маркази ноҳия бо иштироки зиёда аз 50 нафар баргузор гардид ва дар рафти аксия ба сокинони ноҳия китобчаҳо оиди «Пешгирии меҳнати ноболиғон» тақсим карда шуд.
Ҳамзамон дар ин давра дар толори маҷлисгоҳи Бахш мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои кӯдаконро ҳифз менамоем» бо ҷалби парасторон ва тарбиятдиҳандагони мактаб – интернатҳо баргузор гардид.
Мутобиқи иҷрои банди 16 вобаста ба татбиқи чорабиниҳои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 майи соли 2016 баргузор гардид:
Санаи 9 январи соли 2019 Шӯрои маҳалли дар назди Раиси ноҳия бо иштироки Мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, варзишгарон, кормандони мактабҳои варзишӣ, барандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси ноҳия ва дигар фаъолҷавонон баргузор гардид.
Дар Шӯрои маҳаллӣ масалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд: андешидани тадбирҳои иловагӣ, ҷиҳати бунёди майдону толорҳои варзишӣ бо ҷалби соҳибкорон ва бо ёрии худи ҷавонон дар минтақаҳо, аз ҷумла маҳаллаву деҳот ва бо ин васила омавигардонии варзиш, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ;
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ тавассути бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, марказҳои соҳибкорӣ, таъсиси бизнес инкубаторҳо, паркҳои технологӣ ва дигар корхонаҳои хурду миёна бо мақсади бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон;
Пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ миёни донишҷӯёну ҷавонон, духтарону занон ҷиҳати таблиғи либоси миллӣ ва гирифтани пеши роҳи пӯшиши либосҳои ғайр.
Дар анҷом аз ҷониби Раиси ноҳия ба Гирандагони стипендияи Раиси ноҳия сипоснома ва шаҳодатномаҳо супорида шуд.
Вобаста ба иҷроибандҳои 8,9 ва 10-юми Нақшаимазкур бахшида ба таҷлили РӯзиҷавонониТоҷикистон санаи 23 майи соли равон роҳпаймоии ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» бо фарогирии 5000 нафар кормандони касбу кори гуногун иштирок ва баргузор карда шуд. Ҳамзамон худи ҳамон рӯз дар бинои қасри фарҳангӣ ноҳия мулоқоти Раиси ноҳия бо фаъолҷавонону варзишгарон баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаи Шурои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳия баррасӣ гардид. Дар шуро масъалаҳои ҷалб намудани духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардуми ва омузиши забонҳои хориҷи баррасӣ гардида Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, раёсати маориф ва шуъбаи кор бо занон ва оила вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати амали намудани масъалаҳои мазкур чораҳои зарури андешида шавад.
Ҷиҳати иҷрои банди 17 оид ба татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оиди нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои варзишӣ ва колеҷҳои ноҳия мулоқоту вохуриҳои судманд ҷиҳати нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 4500 нафар ҷавонону наврасон фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби Волонтиёрони Бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳия дар кучаву хиёбонҳои ноҳия бозорҳо ва марказҳои саломтиву ҷойҳои ҷамъиятӣ аксияҳо ҷиҳати тақсими китобҷаҳо аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 250 нафар шаҳрвандони сину соли гуногун тақсим карда шуд.
Тибқи иҷрои банди 18 оид ба татбиқи Барномаи милли ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011 – 2020:
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, китобхонаи марказии ноҳия, МТМУ №3 ва Гимназия барои бачагони лаёқатманд суҳбату вохӯриҳо баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 450 нафар ширкат варзиданд. Дар мулоқотҳои мазкур ба иштирокчиён оиди аҳамият ва мафҳуми тарзи ҳаёти солим, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, ВНМО, бемории Сил, тамокукашӣ майзадагӣ ва пешгирии онҳо ва инчунин дигар мавзӯҳои дахлдори соҳа аз ҷониби масъулин маълумотҳо дода шуд.
Инчунин, ба онҳо оиди усулҳои ҷалби наврасон ва ҷавонон ба ҳаёти солим маълумотҳои муфид дода шуда онҳо барои бурдани зиндагии солим даъват шуданд.
Ҳамзамон мусобиқаҳои варзишии валейбол, баскетбол, шашкаву шоҳмот, футбол, варзиши сабук, тениси рӯи миз, гуштини Дзю-до, гуштини миллӣ, бокс ва бадминтон байни наврасону ҷавонон багузор карда шуд, ки дар он беш аз 10400 нафар ширкат намуданд.
Дар анҷоми мусобиқа аз ҷониби раёсати чорабинӣ оид ба манфиати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои саломатӣ суҳбат доир карда шуд.
Инчунин дар ин давра аз ҷониби Бахш бо мақсади ҷалби наврасон, ҷавонон ва сокинони ноҳия ба ҳаёти солим дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия муҳтарам Акрамзода Рустам кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои маҳаллӣ ва шумораи зиёди ҷавонону наврасон новобаста аз сину сол иштирок намуданд.
Бо ҳамин мақсад аз ҷониби Бахш мусобиқаи Футболи хурд байни корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои ноҳия барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар майдончаи варзишии боғи фарҳангӣ фароғатӣ ва солимгардонии Ғалаба ва майдончаи варзишии “Шифо” баргузор карда шуд.
Дар мусобиқа зиёда аз 14 даста байни ҳам сабқат намуданд ва дар анҷоми мусобиқа дастаи Шуъбаи вазорати корҳои дохилии – 1 дар ноҳияи Рӯдакӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Ба ғолибон аз ҷониби Раиси ноҳия дар маросими тантанави ифтихорнома, медал, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ҷоми Раиси ноҳия супорида шуд.
Ҷиҳати ҷалб намудани аҳоли ба варзиш дар ноҳия мусобиқаи футбол ва Гуштини миллӣ байни деҳаҳои ҷамоати деҳоти Гулистон, ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, М.Турсунзода, ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаҳои ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва деҳаҳои ҷамоати деҳоти Лоҳур баргузор карда шуд. Ҳамзамон дар ин давра байни муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаҳои футбол, валейбол, баскетбол, шашка, шоҳмот, гуштини милли ва дзюдо гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 14000 нафар ширкат ва тамошо намуданд.
Инчунин дар Китобхонаи марказии ноҳия, кӯчаву хиёбонҳои шаҳраки Сомониён ва толори Бахш аз ҷониби Волонтиёрон ва Гирандагони стипендияи Президенти ва Раиси ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба зарари тамоку ва паст намудани дараҷаи паҳншавии истеъмоли тамоку миёни ҷавонон гузаронида шуд. Дар чорабинии номбурда зиёда аз 500 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Дар нӯҳ моҳи соли 2019 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, №1, №4, №15, №9 ва Гимназия барои бачагони лаёқатманд вохӯри ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирии корҳои номатлуб аз ҷумла нашъамандию нашъаҷалобӣ ва ВНМО дар якҷоягӣ бо маркази пешгирии бемориҳои сирояти аз ҷумла ВНМО баргузор карда шуд. Инчунин Аксияҳо дар мавзӯи «Мо ҷавонон зидди ВНМО», «Ҷавонон ҳаёти солимро ихтиёр доранд», «Худ ва наздикони хешро зери хатар магузор», «Саломатии Шумо ифтихори мост», «Тарзи ҳаёти солим интихоби мост», «Мо ҷавонон зидди нашъамандӣ!», “Саломатии ҷавонон саломатии миллат” бо иштироки 1000 нафар гузаронида шуд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии марказҳои ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки ихтиёриён волонтиёрони Бахш корҳои ташфиқотӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, мубориза ба муқобили ВНМО/БПНМ ва аксияҳо ҷавонон зиди ВНМО баргузор карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз 800 маводҳои таблиғоти ба аҳолӣ тақсим карда шуд.
Ҳамзамон бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз ҷониби маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» мусобиқаи шашка ва шоҳмот дар маркази шаҳраки Сомониён таҳти унвони «Биё ба бози» миёни аҳоли гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 100 нафар роҳгузарон новобаста аз синну сол иштирок намуданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои ҷалби наврасон ва ҷавонон ба ҳаёти солим аксияи “Пиёдагардии саломати”-ро дар баландкӯҳҳои ноҳия бо иштироки ҷавонони фаъол баргузор намуд, ки беш аз 60 нафар дар он иштирок намуданд.
Ҷиҳати иҷрои банди 20 оид ба иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи Ҳайати мушовараи Кумита:
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои Қарори Ҳайати мушовара аз 8 июли соли 2019, №4.3 ба Шумо чунин иттилоъ медиҳад.
Тибқи иҷрои банди 12-и Қарори мазкур Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия курси кӯтоҳмуддати забони англисиро ба роҳ монда ҷавонон ва наврасонро ба ин курс ҷалб намуд. Ба 30 нафар ҷавонон ва наврасон забони хориҷи омӯзонида шуда аз ҷониби Бахш ба онҳо сертификат супорида шуд.
Мутобиқи банди 13-и Қарори мушовара ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 6 сентябри соли 2019, №3140 «Дар бораи тайёр ва гузаронидани даъвати ҷавонони солҳои таваллудашон 1992-2001-ум ба хизмати ҳарбӣ дар баҳори соли 2019» бахшида ба Рӯзи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 2 октябри соли равон соати аз 9:00 то 12:00 дар назди бинои Комисариати ҳарбии ноҳия Барномаи фарҳангӣ фароғатӣ баргузор намуд, ки зиёда аз 2500 нафар иштирок намуданд.
Аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия 100-нафар ҷавонони даъватшуда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо либосҳои варзишӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҷиҳати иҷрои банди 21-и Қарор Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар якҷояги бо ШВКД 1,2-и ноҳия, Раёсати маориф, шуъбаи кор бо занон ва оила, дин ва беморхонаи марказии ноҳия гуруҳи корӣ ташкил намуда дар Гимназия барои бачагони лаёқатманд, МТМУ №4 ва МТМУ №3 дар ноҳияи Рӯдакӣ сӯҳбату вохӯриҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла худкушӣ, сӯиқасд ба ҷони худ, савдои одамон ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 600 хонандагони Муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Тибқи иҷрои банди 22-и Қарори мазкур аз ҷониби маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” ҷиҳати дуруст ҳидоят намудани ҷавонон ва гирифтани пеши роҳи бегонапарастию гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дар маркази ноҳия ва ҷамотҳои шаҳраку деҳот аксияҳо миёни аҳоли ва хусусан ҷавонон гузаронида шуд, ки дар аксияҳо волонтёрон бо ҷавонон оиди нерӯ ва тавонманд буданашон дар созандагиву бунёдкории Ватани азизамон сӯҳбатҳо намуданд.
Ҷиҳати иҷрои банди 23-и Қарор аз ҷониби Бахш бо мақсади амали гардонидани Барномаи мазкур бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва оила, ШВКД-№1,2ва Беморхонаи марказӣбаҳри амали сохтани барномаҳои «Пешгирии Вируси Норасоии Масунияти Одам ва Бемориҳои сироятӣ байни ҷавонони деҳот», пешгирии худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, танфурушӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо фаъолҷавонон 35 аксияҳо ва зиёда аз 41 вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Инчунин дар ҳудуди шаҳракуҷамоатҳоиноҳия миёни сокинон зиёда аз 25 аксияҳои таблиғоти ҷиҳати иҷрои қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гузаронида шуд. Дар ин аксияҳо зиёда аз 1000 буклетҳоитаблиғотӣтақсимкардашуд.
Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо ШВКД 1-и ноҳия гуруҳи корӣ ташкил намуда дар ҷамоати деҳоти Лоҳур, ҷамотаи деҳоти Зайнабобод, ҷамоати деҳоти Чоргултеппа, ҷамоати деҳоти Чортеппа ва ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ сӯҳбату вохӯриҳо оид ба таблиғиталаботиқонунгузорииҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 1600 хонандагони Муассисаҳои таълимӣ ва сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳур, Зайнабобод, Чоряккророн, Чоргултеппа ва Чортеппа иштирок намуданд.
Вобаста ба моҳиятиҚонуниҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашнумаросимдарҶумҳурииТоҷикистон” мавриди баррасӣқарордода, ба маълумотатон мерасонад, ки бо ҷалби намояндагони шинохтаи аҳли зиё, ходимони дин корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷамоатҳои ҳудуди ноҳия баргузор намуд.
Ҳамзамон дар асоси Амри Раиси ноҳияи Рӯдакӣ дар якҷоягӣ бо Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шуъбаи кор бо занон ва оила, Шуъбаи амният, Бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ШВКД 1,2-и ноҳия гуруҳи корӣ ташкил намуда, ҳамарӯза рейди муштарак дар мавриди пешгирии либоспӯшии хилофи фарҳанги миллӣ ва риши бе маврид миёни ҷавонон гузаронида мешавад.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” зиёда аз 22 аксиҳо ва вохӯриҳо оид ба “Танзим баракати зиндагӣ” дар маркази ноҳия ва муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1100 буклетҳои таблиғоти миёни сокинони ноҳия тақсим карда шуд.
Тибқи банди 25-и Қарори мушовара Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар назди Бахш маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” таъсис дода аз ҳисоби аъзоёни ин маҳфил гурӯҳҳои махсуси ватандӯстона дар самти афзалиятнок дар фаъолияти корӣ интихоб карда шуда аст.
Ҷиҳати иҷрои банди 28-и Қарори мазкур Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро дар ноҳия таъсис дода, аз ҳисоби ҷавонони фаъол, варзишгарон ва дигар шахсони хоҳишманд аъзои Иттифоқро зиёд намуда корро дар ин самт идома дода исттодааст.
Мутобиқи банди 29-и Мушовара Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҷиҳати иҷрои барномаҳои маҳаллии самти ҷавонон , тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чораҷӯи намуда, мунтазам ба унвони Кумита гузориш пешниҳод менамояд.
Тибқи иҷрои банди 35-и Қарори мазкур аз ҷониби Бахш дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мусобикаҳои варзишӣ аз намуди волибол, футбол, шашкаю шоҳмот бо усули “деҳа ба деҳа” ва “маҳалла ба маҳалла” баргузор гардид.
Дар мусобиқаҳои мазкур зиёда аз 2500 нафар иштирок намуда ғолибон бо медалу ифтихорнома қадрдони гардиданд.
Ҷиҳати иҷрои банди 36-и Қарор Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия оиди марҳилаҳои интихобии чимпианату мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд чораҷӯӣ намуда, иштироки дастаи мунтахаби ноҳияро таъмин менамояд.
Мутобиқи банди 39-и Мушовара Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия доир ба баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ чораҳои дахлдори саривақтиро андешида, кормандони мақомоти давлатию истеҳсолиро барои таҳкими тарзи ҳаёти солим ҷалб намуда, баҳри инъикоси васеи он дар шабакаҳои иҷтимои паҳн карда шуда ҳамзамон ба Бахши таҳлилу иттилооти Кумита таъмин менамояд.
Рушди тарбияи ҷисмони ва варзиш яке аз самтҳои асосии пешгирии ҷавонону наврасон аз корҳои номатлуб маҳсуб ёфта, ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба намудҳои гуногуни варзиш мебошад. Ҷиҳати ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия корҳои зиёду судманд ба анҷом расонида шудааст.
Вобаста ба ин бахшида ба «Соли рушди деҳот, саёҳи ва ҳунарҳои мардуми» аз 3-январи соли 2019 мусобиқаи варзишии футбол байни деҳаҳои ҷамоати деҳоти Лоҳур баргузор гардида, дар мусобиқа 14 даста байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар ҷамбаст ба ғолибон бо медал, ифтихорнома, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллии деҳоти мазкур супорида шуд.
Инчунин дар ин давра ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмони ва варзиш дар деҳоти дурдасти ноҳия бо дастгирии ҷавонони саховатпеша мусобиқаи волейбол байни деҳаҳои ҷамоати деҳоти Эсанбой баргузор гардидад.
Дар мусобиқа 10-даста иборат аз 8 нафари байни ҳам қуваозмои намуда, дар фарҷом бо медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Санаи 9 феврали соли равон оғоз аз субҳи содиқ таҳти шиори “Зебоӣ тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст” дар маркази ноҳия бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сохторҳои маҳаллӣ ва мардуми ноҳия машқҳои дастҷамонаи пагоҳирузи баргузор гардид.
Пас аз анҷоми машқҳои пагоҳирӯзи дар боғи фарҳанги фароғатии “Баҳористон” мусобиқаҳои варзиши аз намуди шашка, шоҳмот ва тениси рӯи миз баргузор гардид, ки зиёда аз 120 нафар ҷавонону наврасон ва калонсолон фаро гирифта шуданд.
Худи ҳамон рӯз дар толори варзишии “Ғалаба”-и ноҳия мусобиқаи варзиши аз намуди гуштини Дзюдо бо иштироки зиёда аз 180 нафар варзишгарон баргузор гардид.
Дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-январи соли 2019, №04-в “Дар бораи баргузории чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Бокс” бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Фармоиши Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ аз 4-феврали соли 2019, №7 ба тавсиф расидааст.
Мусобиқаи мазкур санаи 09-10 феврали соли 2019 дар толори варзиши “Гиолог” воқеъ дар шаҳраки Сомониён баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 80-нафар варзишгарон аз ноҳия байни ҳам қуваозмои намуда ғолибон бо медалу диплом аз ҷонии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдони гардиданд.
Инчунин мусобиқаи футбол аз санаи 15-феврали соли 2019 байни деҳаҳаи ҷамоати деҳоди Гулистон баргузор гардид. Дар мусобиқаз10-даста иштирок намуда ғолибон бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотирави аз ҷониби соҳибкорон қадрдони гардиданд.
Мусобиқаи кушоди ноҳияи Рӯдакӣ оид ба таеквандо ВТФ санаҳои 14-15 феврали соли 2019 дар толори варзиши “Ғалаба” воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Сомониён баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 38-нафар варзишгарон байни ҳам қуваозмои намуда ғолибон бо медалу диплом аз ҷонии Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдони гардиданд.
Ҳамзамон мусобиқаи кушоди интихоби ноҳияи Рӯдакӣ оид ба гуштини дзюдо байи солҳои таввалудашон 2002-2004 ва 2005-2007 аз санаҳои 1-2 марти соли 2019 баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз160-нафар варзишгар байни ҳам қуваозмои намуданд.
Инчунин санаи 5-марти соли 2019 бахшида ба рузи модар дар МТМУ №15-и ноҳия мусобиқаи варзиши аз намуди шашка, шоҳмот ва волейбол байни бонувон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 180-нафар иштирок намуда, ғолибон бо медал, ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирави қадрдони гардиданд.
Бахшида ба Наврӯзи байналмилали бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шаҳсони саховатпеша дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Лоҳур, Чоргултеппа, Гулистон, Роҳатӣ, Зайнабобод, Эсанбой ва шаҳраки М.Турсунзода мусобиқаҳои гуштини милли бо иштироки варзигарон аз тамоми ҷумҳурӣ ва давлати Узбекистон баргузор гардид.
Бахшида ба Рӯзи Пойтахт дар толори варзишии Гимназияи тоҷики руссии ба номи А. С Пушкини ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намуди Бадминтон, дар толори варизишии Ғалаба мусобиқаи варзишии гуштини дзюдо байни солҳои таваллуди 2005-2007 ва мусобиқаи варзишии футбол дар майдони варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бани хонандагони солҳои таваллуди 2005-2007 бахшида ба Рӯзи Пойтахт баргузор гардида дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо Ҷом медал ва ифтихорнома қадрдони гардиданд.
Санаҳои 11-12 майи соли 2019 фестивали бозиҳои волейбол байни бонувон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32, мусобиқаи варзишии футбол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва мусобиқаи варзишии баскетбол миёни бонувон баргузор гардид, ки ғолибони мусобиқаҳои мазкур бо ҷом, медал ва диплом қадрдони гардиданд.
Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мусобиқаи гуштини дзюдо байни ҷавонони солҳои таваллуди 1999 ва 2001 дар толори варзишии Ғалаба ва мусобиқаи футбол байни наврасон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 баргузор карда шуд.
8 июни соли 2019 дар боғи Ғалабаи ноҳия бо иштироки зиёда аз 120 нафар фарзишгарон мусобиқаи Шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор карда шуд.
Инчунин бахшида ба Рӯзи олимпӣ Конфронси илми – амалӣ таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар рушди ҳаракати олимпии Тоҷтикистон ва ҷаҳон” бо иштироки зиёда аз 100 нафар варзишгарон, мурабиён ва собиқадорони варзиш дар толори Колеҷи техникию омузгории ноҳия баргузор гардид.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ варзишгарон дар Чемпиоатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои минтақави соҳибӣ 67-то медали тилло, 63-то нуқра ва 54-то биринҷӣ гардидаанд. Дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ иштирок намуда соҳиби 5 медали тилло,2 медали нуқра ва 4 медали биринҷи гардиданд.
Ташкили чорабиниҳои гуногуни ташкиливу оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, ки ба он зиёда аз 71 ҳазору 200 нафар ҷавонону наврасон фаро гирифта шуданд далели гуфтаҳои боло мебошанд.
Инчунин дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу-ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти кишвар, ки зимни мулоқоташон бо варзишгарон 20 декабри соли 2010 баён гардида, мутобиқи талаботи банди 35-и нақша-чорабиниҳои мазкур дар ноҳияи Рӯдакӣ дастаи футболи Кӯктош-Рӯдакӣ таъсис дода шуда, айни замон дар бозиҳои лигаи Олии футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамзамон дар толорҳои варзиши ноҳия шиору овезаҳо аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи ҷисмони ва варзиш насб гардиданд.
Инчунин ҷиҳати иҷрои бандҳои 4 ва 13 – нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби шабакаи ТВ-варзиш доир ба дастовардҳои соҳаи варзиш дар давраи 28 соли соҳибистиқлолӣ наворбардори гардида, пахши бинандагон гардид.
Дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти Чорякорон, Эсанбой, Чимтеппа ва Гулистон мусобикаҳои варзиши аз намуди бокс, волибол, футбол, шашкаю шоҳмот бахшида ба Рӯзи варзишгарон баргузор гардид.
Дар мусобиқаҳои мазкур зиёда аз 380 нафар иштирок намуда ғолибон бо медалу ифтихорнома қадрдони гардиданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба маълумоти Шумо мерасонад, ки бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия якқатор чорабиниҳо аз қабили мулоқоту вохуриҳо, шанбегиҳо ва мусобиқаҳои зиёди оммави варзишӣ тибқи нақша чорабиниҳои Бахш баргузор карда шуд.
Вобаста ба ҷашни мазкур дар майдончаҳои варзишии боғи Ғалабаи ноҳия мусобиқаи футболи хурд миёни 7 даста, мусобиқаи чавгонбозӣ, дар толори варзишии Ғалаба мусобиқаи ноҳияви оид ба гуштини Дзюдо бо иштироки зиёда аз 120 варзишгар ва дар толори варзишии Геологи ноҳия мусобиқаи ноҳияви оид ба Бокс бо иштироки зиёда аз 80 варзишгар баргузор карда шуд.
Дар мусобиқаҳои варзиши варзишгарон байни ҳам қувваозмои намуда ғолибон бо медал, ҷом ва диплом аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдони гардиданд.
Ёдовар мехоҳам шавам, ки мусобиқаҳои мазкур тариқи шабакаи телевизони Тоҷикистон наворбардори гардида, дар барномаи Ахбор пахш гардид.
Инчунин дар ҷамоати деҳоти Роҳати мусобиқаи кушоди ноҳия оид ба гуштини милли баргузор гардида, дар он зиёда аз 180 нафар паҳлавонон байни ҳам қувваозмои намуда ғолибон бо мукофотпулиҳо қадрдони гардиданд.
Дар майдончаи варзишии Ғалабаи ноҳия мусобиқаи футбол байни деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 16 даста иштирок намуда ба даври финалии мусобиқа дастаи Варзоби ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ва дастаи Ҷавонони шаҳраки Сомониён роҳхат гирифтанд.
Ғолиби мусобиқаи мазкур дастаи Варзоби ҷамоати деҳоти Чоргултеппа гардида бо медал ва ҷом қадрдони гардиданд.
Даври финалии мусобиқаи мазкур низ тариқи шабакаи телевизони сапт гардида пахш мегардад.
Дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Эсанбой мусобиқаи Волейбол байни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқа 10 даста иштирок намуда даври финалии мусобиқа санаи 7 сентябри соли равон баргузор гардида, ғолибон бо медалу ифтихорнома қадрдони гардиданд.
Инчунин дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти Роҳатӣ, Чоргултеппа ва Чимтеппа 3 майдончаи варзишӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳалли сохта ба истифода дода шуд.
Аз ҷониби ҷавонони ноҳия дар арафаи ҷашни мазкур ҳамаруза шанбегиҳо таҳти шиори Мо ҷавонон ин ватанро сабзу хуррам мекунем дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда шуд.
Дар шанбегиҳо ҷавонони ноҳия тоза намудани кӯчаву маҳаллҳои аҳолинишин аз партовҳо, нарм намудани гирду атрофи дарахтон ва шинонидани гулу ниҳолҳои ҳамешасабз машғул шуда, дар ин давра зиёда аз 128 ҳазор гулҳои мавсими ва зиёда аз 12800 дона ниҳолҳои гуногуни ҳамешасабз шинонида шуд.
Ҳамзамон тибқи нақша аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамкори бо сохторҳои маҳалли оид ба самти идеологӣ дар қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия мклоқоту вохуриҳоро дар самти дастовардҳои Ватани азизамон дар 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ба афсарону сарбозони фаъол туҳфаҳои хотирави супорида шуд.
Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқ намудани Барномаҳои давлатӣ дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 107 тадбирҳо доир карда шуда, зиёда аз 121 ҳазору 200 нафар ҷавонону наврасонро фаро гирифта шуданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рӯдакӣ дар ояндаҳам баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷиҳати иҷрои Барномаҳои қабулгашта тамоми чораҳоро андешида, дар ташаккулӣ маърифатӣ фарҳангию сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, инкишофи намудҳои варзишу туризм, мустақилияти иқтисодии ҷавонон, тарбияи ватанпарастӣ, ҷонибдории сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлатамон саҳми арзандаи худро мегузорад.
Page 9 of 9