Санаи 1- уми апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107-и деҳаи Истиқлоли 3-и Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода бахшида ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Омӯзгорону муҳассилини муассиса намунаи ҳунарҳои мардумии маҳсули дасти худ ва маҳсулотҳои нонию таомҳои миллиро ба маръази тамошо гузошта, соли нави аҷдодиро бо тамоми анъанаву суннатҳо ва расму ойинҳои хосаш истиқбол намуданд. Дар қисмати тантанавии чорабинӣ мудири шуъбаи занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Усмонзода Моҳира ҳозиринро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику шодбош намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Наврӯз аз зумраи маҳбубтарин ҷашни миллати мо буда, бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалиро касб намудааст ва мо ворисони аслии ин ҷашни муҳим бояд бо ифтихор ва бо арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни ғании миллат ба ҷаҳониён онро муаррифӣ намоем. Ҳамзамон директори муассисаи мазкур Ризвоншоева Хайринисо суханронӣ намуда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиштагии кишвар кулли иштирокчиёнро бо ин ҷашни бостонии миллат табрику таҳният намуд. Сониян аз ҷониби муҳассилини муассиса таҳти суруду мусиқиҳои миллию ватандӯстона барномаи рангини фарҳангӣ манзури меҳмонону дигар тамошобинон гардид.

  

Рӯз 2- юми апрели соли 2026 бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои ниёгон, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ – тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Исмоилзода Зарина, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳамидзода Насимҷон , мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Усмонзода Моҳира , сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» Умеда Алимова ва намояндагони Раёсати маориф, хонандагон ва кормандони муассиса фаъолона иштирок намуданд. Хонандагон бо қироати шеърҳо дар васфи баҳору Наврӯз, иҷрои сурудҳои дилнишин, саҳначаҳои тарбиявӣ ва рақсу таронаҳои миллӣ ҳозиринро шод гардониданд. Ҳамзамон дар саҳни муассиса гӯшаҳои идона ва дастархони наврӯзӣ ороста шуда, анъанаҳои миллии мардуми тоҷик, аз ҷумла омода намудани таомҳои миллию наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуд. Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва пос доштани суннатҳои неки ниёгон дар байни хонандагон мебошад.

Рӯз 26- уми марти соли 2026 дар Литсейи давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина муовини сардори раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Қодирзода Баҳриддин, сармуҳаррири рӯзномаи "Насими айём", намояндагони раёсати маорифи ноҳия , директорон, омӯзгорон ва хонандагон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Сараввал меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мусобиқаҳои гуноногуни варзишие, ки аз ҷониби хонандагон дар саҳни литсей ба номоиш гузошта буданд, дидан намуданд. Директори литсейи давлатӣ Камолов Баҳодур чорабиниро ҳусни оғоз бахшида аҳли нишастро ба Наврӯзи хуҷастапай табрику муборакбод гуфт. Сипас сухани табрикӣ ба муовини раиси ноҳия Исмоилзода Зарина дода шуд. Муовини раиси ноҳия зикр кард, , ки Наврӯз дар баробари ҷашни эҳёи табиат, мактаби бузурги ахлоқиву маънавӣ ба шумор рафта, инсонҳоро ба сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, покизагӣ ва накукорӣ ҳидоят менамояд. Дар ин замина, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, нақши Наврӯзро дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва худшиносии ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд. Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ ба як қатор омӯзгорони фаъол аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвонҳои соҳавӣ, Ифтихорнома ва аз ҷониби раёсати маорифи ноҳия бо сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд. Баъдан аз ҷониби хонандагон дар васфи баҳор ва Наврӯз шеърҳову сурудҳо қироат карда шуда чорабинии фарҳангии аз ҷониби хонандагон омода гардида пешкаши меҳмонон гардонида шуд.