30 июни соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Исматзода А.У. Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти ноҳия, вакилони халқӣ, роҳбарони идораву сохторҳои ҳудуди ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
              Пас аз интихоби котибот рӯзномаи Иҷлосияи навбатӣ аз рӯйи шаш масъала тасдиқ карда шуд.
      Мувофиқи масъалаи якуми рӯзномаи Иҷлосия ахбороти раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ Пирзода А.А. дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия шунида шуд. Тибқи он ба ҳайати Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо занону ҷавонон ва муносибатҳои миллӣ ва Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист тағйирот ворид гардида, собиқ вакилони ноҳия Ширинзода Н.А. ва Бобохонов Н.Ш. бинобар сабаби пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколаташон аз ҳайати Комиссияҳои болозикр хориҷ ва вакилони навинтихобшуда Одилов Т.Ҳ. ва Исмоилов К.С. мутаносибан ба аъзогии Комиссияҳои доимии зикршуда шомил карда шуданд.
        Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия масъалаи ҷараёни татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар робита ба он, ҳисоботи муовини раиси ноҳия Бобошоҳзода М. шунида шуд.
          Зимни баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи Иҷлосия вакили халқӣ Ибрагимова Г. ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, варзиш, кор бо занону ҷавонон ва муносибати байни миллатҳоро доир ба фаъолияти Комиссия дар давраи ҳисоботӣ ба вакилон пешниҳод намуд.
       Тибқи масъалаи чоруми рӯзномаи Иҷлосия вакилон қарори дахлдорро дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 қабул намуданд.
         Вобаста ба масъалаҳои панҷум ва шашуми рӯзномаи Иҷлосия масъалаҳои тағйироти кадрӣ ва тасдиқи як қатор қарорҳои раиси ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар давраи байни Иҷлосияҳои дувоздаҳум ва сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ қабул гардидаанд, мавриди баррасии вакилони халқ қарор дода шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар Иҷлосияи сенздаҳум аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда вакилон 8 қарори дахлдорро қабул намуданд.
          Кори Иҷлосияи навбатӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён расид.
 
 
 
 
 
 
 
        25 июни соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки васеи намояндагони касбу кори гуногун ва фаъолони ноҳия чорабинии идона баргузор гардид.
       Муовини аввали раиси ноҳия Саидмуродзода Абдуаҳад аҳли нишаст ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона таҳният гуфта, таманниёти неки худро иброз доштанд.
     Зикр гардид, ки 27-июни соли 1997, ки дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон шудааст, дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол як саҳифаи наву тозае бо номи «Рӯзи оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати тоҷик» ворид намуда, бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, 25 сол боз, чун рӯзи фархунда бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ваҳдати мо дар ҳақиқат неъмати бузург ва арзиши муқаддас мебошад, ки тамоми комёбиҳо ва саодати рӯзгорамон аз он сарчашма ва тамоми орзуву ормонамон аз ин иттиҳод, ибтидо мегирад.
      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз даҳсолаҳо пештар фарҳанги сулҳро беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик, ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар ҳисобида, ҳамчун дастоварди Истиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо карданашро изҳор дошта буданд, ки ҳақонияти ин гуфтаҳо имрӯз баръало исботи худро ёфтааст.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ҳамдиёрони гиромӣ !

          Шумо ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз самими қалб табрик  гуфта, бароятон бардамию тансиҳатӣ, бахту саодат, рӯзгори хушу осуда, сарбаландӣ ва барои Тоҷикистони азиз якпорчагии абадию пирӯзиҳои беназирро таманно менамоям.  

          27-июни соли 1997, ки дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, Рӯзи ваҳдати миллӣ эълон шудааст, дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол як саҳифаи наву тозае бо номи «Рӯзи  оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати тоҷик» ворид намуда, бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, 25 сол боз, чун рӯзи фархунда бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.

         Ин рӯз  барои мо Тоҷикистониён, новобаста аз миллату нажоду қавмият воқеан рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва  ваҳдати миллӣ мебошад.

       Ваҳдати мо дар ҳақиқат неъмати бузург ва арзиши муқаддас мебошад, ки тамоми комёбиҳо ва саодати рӯзгорамон аз он сарчашма ва тамоми орзуву ормонамон аз ин иттиҳод, ибтидо мегирад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз даҳсолаҳо пештар фарҳанги сулҳро беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик,  ифодагари орзуву ормон ва нияту мақсадҳои наҷиби мардуми шарифи кишвар ҳисобида, ҳамчун дастоварди истиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо карданашро изҳор дошта буданд, ки ҳақонияти ин гуфтаҳо имрӯз баръало исботи худро ёфтааст.

       Набояд фаромӯш кард, ки барои расидан ба ин рӯзҳои осоишта, давраи пурдаҳшати фоҷиабореро аз сар гузаронида будем.

          Шумораи гурезаҳо то 700 ҳазор нафар расида буд, 55 ҳазор кӯдакон бе падару модар монданд. Садҳо ҷавонон ҷони худро аз даст доданд.

         Дар шароити ҳассос, қувваҳои солими ҷамъият бо заҳматҳои бисёр дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олиро, ки маҳз дар он тақдири ояндаи давлати тоҷикон таҳрезӣ гардид, баргузор намуданд.

       Дар ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуда, дар аввалин баромадашон иброз доштанд, ки «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард».

        Ва ҳамин хел ҳам шуд. Сарвари давлат дар кӯтоҳтарин фурсат сохтори конститутсионии мамлакатро комилан барқарор намуд, ҷони худро ба гарав монда ба давлати Афғонистон сафар намуда гурезаҳои тоҷикро то нафари охирин ба Ватан баргардонид. Дар чандин давраҳои музокирот иштирок намуда,  тарафҳоро ба он мувафақ гардонид, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шавад. 

      Бале, маҳз диловарии Пешвои воқеии миллат, тоҷикистониёнро аз вартаи ҳалокат ба сӯйи наҷот ва  мурод раҳнамун сохт.

         Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдатро дар мамлакат асос гузошта, барои санаи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа  заминаи ҳуқуқию сиёсиро фароҳам сохт. Ваҳдатро дар кишвари азизамон ба даст овард ва ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид. 

        Имрӯз бошад тамоми фаъолият ва кушишу талошҳои Пешвои муаззамамон баҳри таъмини зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванд, равона гардидааст. Таърих гувоҳ аст. Ва мо ҳамдиёрон низ бояд донем, ки саҳми фарзандони диёри мо ҳам дар барқарорнамоии ҳукумати конститутсионӣ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ зиёд аст. Инак даҳсолаҳост, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ эътироф гардида, эътибори тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ афзун намудааст.  Шояд, дар саросари дунё халқе ё миллате набошад, ки ваҳдатро гиромӣ надорад. Бигузор калимаи «ваҳдат» дар ҳар забон ҳар хел садо диҳад, аммо ғояи он барои ҳама баробар ва азизу муътабар аст.

        Ваҳдат дастоварди муҳимтарин, бузург, бебаҳо ва таърихии миллат, ормони мардум ва маҳсули талошҳои  садҳо  ҳазор  муборизони роҳи бақои Тоҷикистон мебошад.

         Бисту панҷ соли Ваҳдати миллӣ, ин марҳилаи эҳёи арзишҳои  миллӣ, баҳамоӣ, худсозӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, сулҳу салоҳ, оромӣ ва бисту панҷ қадами устуворест дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона.

Ҳамдиёрони азиз!

         Боварӣ дорам, ки мардуми ба ору номуси ноҳия, бо азму иродаи қавии худ, диёри азизамонро боз ҳам ободу сарсабз менамоянд ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссаи босазои худро мегузоранд.

         Дар ин лаҳзаҳои фархунда бори дигар шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандӣ ва дар хонадонатон файзу баракат таманно менамоям.

    Бигузор бо роҳбарии хирадмандона ва азму талошҳои Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории шахсии ҳар яки шумо рушди ҷомеа ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ минбаъд низ таъмин гардида, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бароямон раҳнамо бошад!  

 

Рӯзи Ваҳдати миллӣ  муборак бод!

Подкатегории