ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР КАТС-И НОҲИЯ
Дар толори шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти сохтори мазкур дар нимсолаи аввали соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюми сол баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ, сарпарасти соҳа Зарина Исмоилзода, менеҷери шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Рустам Муҳаммадзода, роҳбарони марказҳои саломатии деҳот, беморхонаҳои минтақавӣ ва дигар масъулони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ҳисоботи масъулон оид ба натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввал шунида шуда, масъалаҳои иҷрои нақшаи эмгузаронии маҳаллӣ, пешгирии таваллуд дар хона, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, таҳкими фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини раиси ноҳия Зарина Исмоилзода зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи масъулият ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ҷалб намуд.
Сипас, менеҷери шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Муҳаммадзода
баромад намуд. Ӯ иброз дошт, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия як бинои Маркази ёрии таъҷилӣ, ҳашт бинои марказҳои саломатии деҳот, сию ду бинои бунгоҳҳои саломатӣ ва нуҳ бинои нуқтаҳои тиббӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Иншооти мазкур бо кадрҳои тиббӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, барои беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин, ба истифода додани бунгоҳҳои саломатии деҳоти Шайхон, Навобод, Лолазор ва Маркази саломатии деҳоти Роҳатӣ, инчунин, оғози сохтмон ва таъмири як қатор муассисаҳои дигари тандурустӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз вазифаҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои соҳавӣ ва иҷрои саривақтии вазифаҳои дар назди соҳаи тандурустӣ қарордошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

