Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми деҳаву маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабиниҳои идона ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардида истодааст.
     Аз он ҷумла, санаи 13-уми апрели соли ҷорӣ дар деҳаи Боғаки Ҷамоати деҳоти Эсанбой Наврӯзи байналмилалӣ бо баргузории чорабинии тантанавӣ ва мусобиқаи гуштингирӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
   Дар чорабинии идонаи Наврӯзи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода ширкат варзида, сокинони деҳот ва иштирокчиёни мусобиқаи варзиширо ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай шодбош гуфтанд. Дар ин лаҳзаҳои хурсандиовар, ки  ҷашни байналмилалии Наврӯз идома дошт, сокинони ин ҷамоати дурдасти ноҳия миннатдории хешро оид ба доир гардидани чунин ҷашни бошукӯҳ изҳори сипос намуданд.
    Дар мусобиқаи гуштингирӣ паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат варзида, ҳунару маҳорати варзишии хешро нишон доданд.