Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 15 май-Рӯзи оила таҷлил карда мешавад. Зеро оила ячейкаи асосии ҷамъият ва институти аввалини рушду камоли инсон маҳсуб ёфта, солимии ҷомеа аз солимии оила маншаъ мегирад. Ба ҳамин хотир 13 май дар толори Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбони ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Муҳаммадӣ Салим, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Муслима Саидмуродова, мудири бахши САҲШ-и ноҳия Зебонисо Расулзода, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии "Насими айём" Рухшона Шобудинова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Сатторӣ, навхонадорон, оилаҳои намунавӣ ва дигарон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
         Муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода дар оғози чорабинӣ сухани ифтитоҳӣ намуда, нақши оиларо дар рушди ҷомеа ва устувории он аввалиндараҷа арзёбӣ кард.
     Сипас мудири бахши САҲШ Зебонисо Расулзода бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуда, ҳамагонро ба дӯстдориву муҳаббат дар оила даъват кард ва зикр намуд, ки пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад, зеро танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти ба вуҷуд омадаро рафъ созад.
       Дар идома зери оҳанги мутантан 10 ҷуфт навхонадорон ба саҳна даъват гардиданд ва аз тарафи бахши САҲШ-и ноҳия ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Инчунин ба 20 нафар кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуд ва туҳфаҳо супорида, баробари оилаҳои намунавӣ собиқадорон низ барои рӯзгори обод, тарбияи дурусти фарзандон ва ибрати дигарон будан, бо гулдастаҳо ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
      Ҳамзамон барои саҳми арзанда ва хизмати содиқона дар амалисозии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кор бо оила ва бахшида ба Рӯзи оила ба котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони як қатор соҳаҳо Сипоснома супорида шуд.
        Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ дар мавзӯи оиладорӣ саҳначаи ҳаҷвӣ пешкаши ҳозирин гардид ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар Файзигул Юсупова ва Бахтиёр Иброҳимов хотири ҳамагонро болида намуданд.