Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ гурӯҳи кории иборат аз намояндагони сохторҳои дахлдор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо сокинон бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» вохӯриҳо баргузор намуда истодаанд.
     Дар ин асос имрӯз, 16-уми апрел гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода, намояндагони бахши дин, танзими ҷашну маросим, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва роҳбарияти ҷамоати деҳот дар деҳаҳои Тезгари боло, Тезгари поён, Зартеппа, Шаҳристон ва Майсазори Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия бо сокинону фаъолон вохӯриҳо доир карданд.
      Дар рафти баргузории суҳбату вохӯриҳо ҳайати гурӯҳҳои корӣ мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, ҷалби ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон, ташаккули маърифат, ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар ҷомеа, тарғиби фарҳанги миллӣ ва мубориза бо таҳоҷуми фарҳангиву идеологӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, риояи талаботи қонунгузории кишвар ва дигар масъалаҳои мавриди назарро матраҳ карданд.
        Дар ҷараёни вохӯриҳо аз ҷониби сокинону фаъолон низ оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз таклифу пешниҳодҳо ироа гардид.