НОҲИЯИ РӮДАКӢ БО ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ III ҚАДРДОНӢ ГАРДИД
           28-уми июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни бостонии Тиргон иди зардолу ва намоиши ҷумҳуриявии «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он ҳайати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳайати ноҳияи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ноҳия Аҳлиддин Шарифзода дар ҳайати сардори раёсати кишоварзии ноҳия Сино Аюбов, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси ноҳия Моҳира Усмонзода, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ҳабиба Мӯсоева ва дигар намояндагон дар чорабинӣ ширкат варзида, дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзони ноҳияро ба маърази тамошо гузоштанд.
Зимни боздид меҳмонону масъулини ҷумҳуриявӣ аз гӯшаи намоишии ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуда, ба сифати маҳсулоти кишоварзӣ, тарзи ороиш ва муаррифии дастовардҳои ноҳия баҳои баланд доданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди шоистаи маҳсулоти кишоварзӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо Дипломи дараҷаи III қадрдонӣ гардид.
Иштироки фаъолонаи ноҳияи Рӯдакӣ дар чунин чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ бозгӯи рушди соҳаи кишоварзӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва саҳми арзандаи деҳқонону истеҳсолкунандагони ноҳия дар таъмини бозори мамлакат бо маҳсулоти хушсифат мебошад.