РОҲПАЙМОИИ ИДОНА ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Рӯзи 26-уми июни соли 2026 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳпаймоии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар роҳпаймоӣ роҳбарону кормандони шуъбаву бахшҳо, ташкилоту муассисаҳо, аҳли маорифу фарҳанг, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сокинон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуда, бо ҳузури фаъолонаи худ ваҳдату ҳамдилӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси давлатдориро таҷассум намуданд.
Ҳамзамон, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, ҳунармандони мардумӣ, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, варзишгарон ва дигар қишрҳои фаъоли ҷомеа бо пешниҳоди дастовардҳо, маҳсули эҷодӣ ва намунаҳои ҳунарҳои миллӣ дар роҳпаймоӣ ширкат варзида, дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд, ки ба чорабинӣ шукуҳу ҷаззобияти хос бахшид.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз кӯчаҳои марказии шаҳрак бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои тараннумкунандаи сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстиву шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар роҳпаймоӣ намуданд.

