ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ ПОЙДОРӢ ВА ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ
Паёми табрикии раиси ноҳияи Рӯдакӣ Нусратулло Салимзода ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамдиёрони арҷманд!
Мардуми шарафманди ноҳияи Рӯдакӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як кадоматон тандурустӣ, фарохдастӣ, иқболи накӯ, некрӯзиҳои пай дар пай ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи пойдори абадӣ таманно мекунам.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил бо як шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад, барои мо яке аз санаҳои муҳим ва таърихӣ ба шумор меравад.
Бисту нуҳ сол муқаддам, яъне, 27 июни соли 1997 санади сарнавиштсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид, ки ба шарофати он дар кишвар заминаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ гузошта шуд.
Насли калонсол хуб дар ёд дорад, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини даврони истиқлолу озодӣ дар натиҷаи фитнаву дасисаи душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба зарбаи даҳшатноку фоҷиабори таърих - муҳолифатҳои шадиди сиёсӣ ва баъдан ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид.
Замоне, ки дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ барои рушди кишварҳояшон талош мекарданд, дар кишвари мо ҷанги шаҳрвандӣ буд.
Дар як муддати кутоҳ шиддати ҷанги шаҳрвандӣ ба дараҷае расид, ки хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба назар як кори одӣ менамуд.
Ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз боло то поён аз фаъолият боз монда, тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро рӯз то рӯз ҳисси яъсу ноумедӣ фаро мегирифт. Ҳеҷ кас ба фардо бовар надошт. Аз радиою телевизион танҳо хабарҳои ваҳмангез шунидаю дида мешуд.
Ҳар бегоҳ хабар медоданд, ки субҳ фалонӣ аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Сари калоба гум буд. Хайрият, «оҳ»-и мардуми тоҷик ба гӯши фалак расид.
Бо ташаббуси фарзандони огоҳу ватандӯст даъват гардидану баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми таърихии Шурои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд ва интихоби роҳбарияти нави сиёсии мамлакат аз ҳисоби фарзандони фарзонаю сарсупурдаи миллат дар шароити ниҳоят вазнин роҳи ягона ва дурусти қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик, бартараф кардани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит барои таъмин намудани рушди Тоҷикистон буд.
Дар ин лаҳзаҳои тақдирсоз шахсе лозим буд, ки ин ҳамаро сарварӣ карда тавонад. Ин шахсияти таъриҳӣ фарзанди фарзонаи миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Пешвои муаззами миллат бо афкори созандаю сулҳпарварона тавонистанд, ки дар андак муддат миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуда, давлатро аз нобудӣ нигоҳ доранд. Коре, ки дар як муддати кӯтоҳ ба ҷанг хотима бахшиду, сулҳро барқарор сохт ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард.
Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар дигар кишварҳо омӯхта ва истифода шавад. Маҳз ба ҳамин хотир, барои мардуми кишвар ва хусусан, насли ҷавони мо, ки дар шароити сулҳу суботи комил ба воя мерасад, донистану дарк кардани қадру қимати сулҳу ваҳдат ва кӯшишу талоши пайваста ҷиҳати ҳифзу таҳкими он вазифаи муҳимтарин мебошад.
Имрӯз ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст. Он дар баробари арзишҳои истиқлолу озодӣ ва ватану миллат ҷузъи таркибии хираду андешаи сулҳҷуёнаву таҳаммулгароёнаи мардуми Тоҷикистон ва равшанибахши роҳи пурифтиҳори созандагиву ободгаронаи аҳли ҷомеа гардидааст.
Маҳз ҳамин ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки кишвари мо бо вуҷуди мушкилоти фаннию техникӣ ва нарасидани кадрҳои ихтисосманд дар муддати кӯтоҳ ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз доштанд, ки «Сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳиме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд».
Аз нишондиҳандаҳои омории солҳои охир метавон натиҷа гирифт, ки Тоҷикистон ба марҳалаи рушди устувор ворид гардида, соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, роҳсозиву коммуникатсия ва соҳаву бахшҳои дигар бо маром тараққӣ карда истодаанд.
Дар ин самт ноҳияи Рӯдакӣ низ, дар ин муддат ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст. Чун сулҳу ваҳдат пойдор аст бовар дорем, ки бо заҳмати бунёдкоронаи заҳматкашони ноҳия ба натиҷаҳои аз ин ҳам беҳтар ноил хоҳем гашт.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун омилҳои муттаҳидсозандаи мардуми тоҷик имкон фароҳам оварданд, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар шароити ниҳоят печидаву ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир тарғибу талқини ғояҳои сулҳу амният, суботу оромӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ ва омӯхтани таъриху фарҳанги миллат аҳмияти аз ҳарвақта бештар пайдо кардааст. Мо бояд вазниниҳои солҳои 90-ро ба фарзандону наберагон фаҳмонем, талқин кунем, ки дониш омӯзанду соҳибкасб шаванд.
Таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша сармашқи кору пайкори худ намуда, сарҷамъу муттаҳид, ҳушёру зирак барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатии худ омода бошем.
Истиқлолу ваҳдат ва озодиро ҳамчун неъмати муқаддастарини ҳаётамон ва ваҳдати миллиро чун дастоварди бузургтарини халқамон эҳтиёт ва ҳифз намоем. Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баён намуданд, ки «Мову шумо бояд сарзамини зебои худро сидқан дӯст дорем, ба қадру қимати Ватану ватандорӣ расем ва шукронаи сулҳу амнияти кишвар ва ваҳдати миллиро ҳамеша ба ҷо оварем».
Бори дигар ҳамаи шумо - ҳамдиёрони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми шумо тандурустиву хушбахтӣ ва сулҳу осоиши ҳамешагиро орзу менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

