ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН

     Санаи 1-уми октябри соли равон дар Комисарияти ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маъракаи гусели наваскарон муовини раиси ноҳия Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, комисари ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ, полковник Манучеҳр Ëрзода, роҳбарони бахшу сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, собиқадорони меҳнат ва волидайни даватшудагон иштирок намуданд. 

     Дар оғози чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода суханронӣ намуда сарбозонро ба рӯзи аввали хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ табрик карда, иброз доштанд, ки нақши ҳомиëни Ватан дар таъмини амнияти осудагии мардуми ҷумҳурӣ хеле калон мебошад. Боиси хушнудист, ки сол то сол сафи хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ афзун гардида истодааст ва ин мавсим 150 нафар ҷавононе, ки барои дохил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ариза пешниҳод карда буданд, ба хизмати Ватан - Модар бо тантана сафарбар гардиданд.

     Дар анҷоми чорабинӣ, санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳо дили наваскарон ва волидонро шод намуданд.