ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ СУЛҲ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Рӯз, 2-юми июли соли 2026 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036» чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовинони раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода ва Зарина Исмоилзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Насимҷон Ҳомидзода, и.в. сардори раёсати маорифи ноҳия Зинат Гурезова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Моҳира Усмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Насими айём» Рухшона Шобудинова, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Ҳабиба Мусоева, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҷомеа, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036», ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, боз як дастоварди муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва эътирофи нақши созандаи кишвари мо дар таҳкими сулҳу амнияти ҷаҳонӣ мебошад. Зикр шуд, ки ин ташаббуси байналмилалӣ ба густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, рушди ҳамкориҳои созанда ва тарбияи наслҳо дар руҳияи инсондӯстиву таҳаммулпазирӣ мусоидат хоҳад кард.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои дилнишин ва барномаи ҷолиби консертии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия идома ёфт. Барномаи рангин муҳити идона фароҳам оварда, арзишҳои сулҳ, ваҳдати миллӣ, дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватанро васф намуд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардида, бори дигар аз ҷонибдории сокинони ноҳияи Рӯдакӣ аз сиёсати сулҳофаронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии онҳо барои саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Ватани азиз шаҳодат дод.



